МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАИ КАДРҲО

Ноябрь 18, 2009 16:10

                Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — Дар шаҳри Бишкек машварати роҳбарони раёсату шӯъбаҳои марбут ба масъалаи кадрҳои вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ давом дорад.                   Дар он ҳайатҳои вазоратҳои корҳои дохилии Озарбойҷон, Тоҷикистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Украина иштирок доранд.                   Аз Тоҷикистон дар ин машварат сардори Академияи ВКД Тоҷикистон, подполковники милиса Абдуҳаким Розиқзода ва муовини сардори Раёсати кадрҳои ВКД, генерал – майори милиса Эмомалӣ Азимов ширкат меварзанд.                   Дар машварат масъалаҳои беҳтар сохтани фаъолияти сохторҳои тарбияи кадрҳо дар мақомоти корҳои дохилии давлатҳои ИДМ, аз ҷумла, дастраси ҳамдигар гардондани таҷрибаи пешқадам дар ин масъала муҳокима карда мешаванд. 

Ноябрь 18, 2009 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд