МУЛОҚОТҲО ДАР ВКХ

Ноябрь 25, 2009 11:25

                  Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 23 ноябр бо сафири фавқулодда ва мухтори давлати Фаластин дар Тоҷикистон Асад Абдулмунъим Асад мулоқот кард.                   Ҳ.Зарифӣ зимни мулоқот изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба равнақу ривоҷи муносибатҳо бо халқи бародари Фаластин манфиатдор буда, ҷонибдори ҳарчи зудтар бартараф сохтани душвориҳои мавҷудаи ин мамлакат мебошад.                   Ҳукумати Тоҷикистон кӯшишҳои одилонаи халқи Фаластинро дар бораи ташкили давлати мустақили худ тарафдори менамояд, гуфт Ҳ.Зарифӣ. Қайд карда шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз имкониятҳояш истифода бурда, ҳуқуқу манфиатҳои халқи Фаластинро дар созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла СММ ва Созмони конфронси исломӣ дастгирӣ хоҳад кард.                   Асад Абдулмунъим Асад зикр намуд, ки Тоҷикистону Фаластин ду давлати бародар ва дорои муносибатҳои қадимаи таърихӣ мебошанд. Олимон ва мутафаккирони бузурги тоҷик дар ташаккули фарҳанги исломӣ саҳми бузург гузоштаанд ва халқи Фаластин инро эътироф карда, ба он баҳои баланд медиҳад.                    Сафири Фаластин дар Тоҷикистон аз номи Ҳукумати мамлакаташ ба Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии халқи Фаластин дар арсаи байналхалқӣ изҳори сипос намуда, ба Тоҷикистон барои дастгирии маърӯзаи Голдстон дар бораи поймол намудани ҳуқуқи инсон дар воҳаи Ғаззаҳ аз ҷониби Исроил баҳои баланд дод. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки маърӯзаи мазкур бо ташаббуси Созмони милал тайёр карда шудааст.                    Ҳамрохон Зарифӣ 23 ноябр инчунин сафири нави фавқулоддаю мухтори Канада дар Тоҷикистон Стефан Милларро ба ҳузур пазируфт. Бояд гуфт, ки қароргоҳи марказии сафири Канада дар шаҳри Алмаато воқеъ мебошад.                     Ҳ.Зарифӣ С.Милларро ба муносибати таъин гардиданаш ба вазифаи сафорат дар Тоҷикистон табрик намуда, ба ӯ дар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар барори кор орзу кард.                    Баъдан мусоҳибон масъалаҳои марбут ба равнақу ривоҷи ҳамкории ҳар ду мамлакат табодули назар намуданд. Дар ҷараёни мулоқот зарурати аз ҷиҳати иқтисодӣ барқарор сохтани Афғонистон ба воситаи амалӣ сохтани барномаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар соҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ ва кашидани хатҳои нави интиқоли барқ таъкид карда шуд.                    Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 ноябр бо сафири нави фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Белгия ҷаноби Даниел Бертран мулоқот карда, нусхаи эътиборномаи ӯро қабул кард.                    Ҳ.Зарифӣ дар оғози мулоқот изҳор намуд, ки сафари расмии Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон ба Белгия дар моҳи феврали соли равон ва гуфтушунидҳои ӯ бо сарвазири Белгия Херман Ван Ромпей барои равнақу ривоҷ ёфтани муносибатҳои ҳар ду кишвар аҳамияти калон дорад.                   Зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон Белгия, таъмини амнияти Афғонистон, Барномаи нави стратегии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, истифодаи захираҳои обу энергетикаи минтақа ва ғайра муҳокима шуданд.                   Ҳ.Зарифӣ изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар шароити имрӯза ба сармоягузориҳои хориҷӣ эҳтиёҷи калон дорад. Дар робита таваҷҷӯҳи дипломати Белгия ба гузоштани сармоя ба иқтисодиёти мамлакат, хусусан ба соҳаи гидроэнергетика ҷалб карда шуд.                  Д.Бертран зикр кард, ки муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Белгия сол то сол вусъат меёбанд ва ӯ барои боз ҳам бештар ривоҷ додани ҳамкории ҳар ду кишвар кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Ноябрь 25, 2009 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид