МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АСХАТ КАРИМБОЙРО
29-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Шӯрои сиёсӣ — машваратии ноҳияи Синтсзяну Уйғур Асхат Каримбойро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба нақшаҳои ояндаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, пеш аз ҳама энергетика баррасӣ шуд. Гуфтӯйи судманд оид ба нақшаҳои муштараки сохтмони нерӯгоҳи обии Нуробод — 1, Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, зеристгоҳи 500 киловолтаи Роғун ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Роғун — Душанбе ва Хуҷанд — Айнӣ сурат гирифт. Мусоҳибон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, робитаҳои иқтисодии ду кишварро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






