МУЛОҚОТИ МАРШАЛ ФАҲИМ АФҒОНИСТОН БО САФИРИ ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 25, 2009 15:26

                  Кобул, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). – Ноиби аввали президенти Афғонистон Муҳаммадқосим Фаҳим 24 ноябр дар Кобул силсилаи мулоқотҳои муҳимро анҷом дод. Ӯ қабл аз чошти дирӯз ҳайати роҳбарикунандаи прокуратураи генералии мамлакатро таҳти роҳбарии прокурори генералӣ Исҳоқ Алеко ба ҳузур пазируфт.                      Муҳаммадқосим Фаҳим зимни сӯҳбат изҳор намуд, ки дар Афғонистон дар заминаи адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун ҷомеаи демократӣ бунёд карда мешавад. Ӯ кормандони прокуратураро даъват кард, ки барои тақвияти мубориза ба муқобили қонуншиканӣ ва ришвахӯрӣ тамоми тадбирҳоро андешанд, ки айни ҳол тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакатро фаро гирифтаанд.                      Роҳбарияти прокуратураи генералӣ ваъда дод, ки барои таъмини риояи ҳатмии қонун ва пешгирии ҷиноят тадбирҳои қатъӣ хоҳад андешид.                      Сипас ноиби президент зимни сӯҳбат бо роҳбари Раёсати амнияти миллӣ Амрулло Солеҳ масъалаҳои таъмини амниятро баррасӣ намуд. Дар мулоқот ҳайати роҳбарикунандаи разведкаи Афғонистон низ ҳузур дошт.                     Ноиби аввали президент зикр намуд, ки мақомоти амнияти давлатӣ воҳиди марказии системаи таъмини амнияти ҷомеа мебошанд. Мамлакат айни ҳол ба заҳмат ва ҷидду ҷаҳди шабонарӯзии Шумо эҳтиёҷ дорад. Умед аст, ки мову Шумо якҷоя кор карда, орзую омоли халқи азияткашидаро амалӣ гардонда метавонем, гуфт М.Фаҳим.                      Ноиби аввали президент дирӯз инчунин бо намояндагони аҳли ҷамъияти мамлакат мулоқот кард. Ӯ зимни мулоқот бо намояндагони шаҳрдории Кобул зикр намуд, ки сокинони пойтахт аз проблемаҳои сершумори муассисаҳои коммуналӣ ба душвориҳои муайян рӯ ба рӯ мегарданд.                     Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони соҳаи маориф ва созмонҳои занон таъкид карда шуд, ки вазифаи асосии онҳо тайёр намудани кадрҳои варзида, барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад. Афғонистонро танҳо кадрҳое обод хоҳанд кард, ки соҳиби ихтисос буда, таҷрибаи калон омӯхтаанд, гуфт ноиби аввали президенти Афғонистон.                      Аз рӯи хабари дигар, Муҳаммадқосим Фаҳим инчунин сафири кабири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофиддин Имомовро низ ба ҳузур пазируфт. Дипломати тоҷик Муҳаммадқосим Фаҳимро ба муносибати пирӯзиаш дар интихобот табрик намуда, изҳор намуд, ки Тоҷикистон тайёр аст ба Афғонистон дар масъалаи тайёр намудани кадрҳои варзидаи соҳаҳои гуногун кӯмак расонад. 

Ноябрь 25, 2009 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид