МУЛОҚОТИ НАХУСТИНИ ВАЗИРОНИ КИШОВАРЗИИ ИДМ ДАР ТУРКМАНИСТОН
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тибқи пешниҳоди президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, аз 25 то 27 ноябри соли равон дар шаҳри Ашқобод мулоқоти нахустини вазирони кишоварзии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Ташкили ин мулоқот ба зиммаи Ҳукумати Туркманистон, вазорату идораҳои Комплекси кишоварзию саноатӣ ва Палатаи савдо ва саноати Туркманистон гузошта шудааст. Вазирони кишоварзии аксарияти давлатҳои ИДМ изҳор намуданд, ки дар мулоқот шахсан иштирок хоҳанд кард. Аз Тоҷикистон дар мулоқоти мазкур муовини аввали вазири кишоварзӣ Раҳмоналӣ Амиров ва директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти кишоварзӣ, доктори илми иқтисод, профессор Д.Пириев иштирок хоҳанд кард. Дар маросими ботантанаи оғози мулоқот дар назди Қасри намоишгоҳҳои шаҳри Ашқобод президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нутқи табрикӣ эрод мекунад. Нӯҳ мамлакати аъзои ИДМ – Русия, Украина, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Молдавия ва Тоҷикистон барои муҳокима дар мулоқот мавзӯъҳои муҳимтарини марбут ба рушди компекси кишоварзию саноатиро пешниҳод намуданд. 25 ноябр барои иштирокчиёни мулоқот консерти калони устодони санъати Туркманистон намоиш дода мешавад, онҳо 24 ва 27 ноябр Осорхонаи марказии миллии Туркманистон, Осорхонаи қолинҳо ва ҷойҳои дигари тамошобоби пойтахти Туркманистонро тамошо мекунанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






