МУЛОҚОТИ СОҲИБКОРОНУ ТОҶИРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Дар доираи Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кохи Борбад мулоқоти соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид. Мулоқот бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташкил карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот намояндагони бештар аз 30 ширкати Эрон иштирок намуданд. Онҳо намояндагони корхонаю ширкатҳои соҳаҳои хӯрокворӣ, пӯлодгудозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, қолинҳои дастибофт, воситаҳои банду басти мол, пойафзол, техникаи санитарӣ, асбобу анҷоми барқӣ ва ғайра мебошанд. Аз Тоҷикистон дар ин мулоқот намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираи об, ҷамъиятҳои саҳҳомии «Рухом», «Текстил», «Тоҷикстандарт», Хоҷагии манзилу коммуналӣ, «Коммунсервис», «Доруи тоҷик», Иттифоқи матлуботи вилояти Хатлон ва ғайра ширкат доштанд. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев мулоқотро оғоз намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон ба вусъати равобити тиҷоратию иқтисодӣ бо Эрон манфиатдор мебошад. Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ барои густариши ҳамкории ҳар ду кишвар тадбирҳои судбахш меандешад. Ба ин ташкили намоишгоҳҳои молҳои сохти Эрон шаҳодат медиҳанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






