МУРОҶИАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ноябрь 20, 2009 07:44

                 19-уми ноябри соли 2009 Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар баҳри саҳмгузорӣ дар бунёди нерӯгоҳи обии Роғун аз ҷониби тамоми табақаҳои шаҳрвандон, аз ҷумла тоҷикону тоҷикистониёни бурунмарзӣ низ мавриди ҳамовозию дастгирӣ қарор мегирад. Дар ин бора номаю барқияҳои зиёд ба номи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ворид мегарданд.                 Номаҳои густурдаи ҳамовозӣ, аз ҷумла аз номи ҷамъиятҳои тоҷикону тоҷикистониёни муқими минтақаҳои Екатеринбург, Челябинск, Красноярск, Новосибирск, Иркутск ва Тюмени Федератсияи Русия ворид шудаанд.                 Дар ин номаҳо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба «ҷабҳаи заҳмати созанда ба хотири ободии Ватан» эълон гаштани майдони сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун мавриди ҳамовозӣ қарор гирифтааст.                 Дар номаҳо таъкид мегардад, ки баробари омода гаштани саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун, тоҷикону тоҷикистониёни муқими минтақаҳои номбурдаи Русия, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирони соҳибнуфуз омодаанд аз онҳо харидорӣ кунанд.                Бо ҳисси баланди ифтихори ватандорӣ зикр мегардад, ки бо харидорӣ кардани саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун ҳар як шаҳрванд ҳам дар ободонии Ватани азизи худ саҳмгузор мешавад ва ҳам оянда аз он фоидаи хуби моддӣ ба даст меорад.

Ноябрь 20, 2009 07:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд