МУРОҶИАТНОМАИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 19 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябр дар иҷлосияи 22-уми палатаи болоии парлумони мамлакат ба мақомоти намояндагии ҷумҳурӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати саҳм гузоштан дар таъмини истиқлолияти энергетики кишвар- дар мавриди харидории саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» муроҷиатнома қабул карданд. «Бо назардошти таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар бояд ҳар яке аз аъзои Маҷлиси миллӣ бо дарки баланди худшиносӣ ва садоқат ба халқу ватан дар бунёди иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегидоштаи кишвар саҳми босазои худро гузорад», гуфт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев. Раиси палатаи болоии парлумони мамлакат афзуд, ки худи вай маоши якмоҳаи худро ҳанӯз дар моҳи майи соли ҷорӣ ба сохтмони НБО «Роғун» гузаронидааст. Ҳамзамон, Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат аз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки дар арафаи Иди Қурбон дастгирии қишрҳои ниёзманди аҳолии ҷумҳуриро фаромӯш насозанд. Зеро хайру эҳсонкорӣ ва кӯмак ба ниёзмандон аз яке аз рисолатҳои наҷиби инсонист.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






