МУРОҶИАТНОМАИ ШӮРОИ СОБИҚАДОРОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 5, 2009 08:40

                 Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи маъюбон, иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгашта, заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг, ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни бартарафсозии садамаи Чернобил ва собиқадорони меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сафари кории Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт, бахусус боздидашон аз сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», сӯҳбатҳо ва суханрониҳои пурмӯҳтавояшон бо сохтмончиёни ин нерӯгоҳи азим, иродаи қавӣ, боварии комил ва ташаббуси наҷиби роҳбари давлати тоҷикон дар ҷодаи бунёди ин иншооти тақдирсози оламшумул ба ваҷд омада, ба собиқадорони ҷангу меҳнат, коргарону деҳқонон, олимону муаллимон, духтурон, соҳибкорону тоҷирон, кормандони вазоратҳо, идораю муассисаҳо, ассотсиатсияҳои кишоварзӣ, ҷавонону наврасон, ба муҳоҷирони меҳнатие, ки дар як қатор вилояту кишварҳои Русия ва дигар мамлакатҳо меҳнати софдилона мекунанд. Хуллас ба куллӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанону дӯстонамон муроҷиат менамоем.                 Имрӯз рӯзи нангу номус, рӯзи мардонагию матиниродагӣ ва саховатмандию бунёдкорӣ фаро расидааст. Рӯзе фаро расидааст, ки ҳамагон миёни худро мустаҳкам бубандем, иттиҳоду ваҳдати воқеии худро нишон бидиҳем ва ба ҷаҳониён исбот намоем, ки мо воқеан миллати ориёнажод, тамаддунсоз, қудратманд ва нурофар мебошем ва собит намоем, ки бо саъю кӯшиш ва талошҳои Рустамонаи худ бо сарварии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонем мустақилона бузургтарин нерӯгоҳи барқи обиро бунёд созем.                 Сарвари давлатамон дар вохурӣ бо сохтмончиёни Неругоҳи барқии обии «Роғун» бо як эҳсосоту самимияти беинтиҳо таъкид намуданд, ки «бунёди иншооти гидроэнергетикӣ барои мо масъалаи ҳаёту мамот аст».                Дар ин вохурӣ Президенти мамлакат баён намуданд, ки дар робита ба бӯҳрони шадиди иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба мавҷудияти душвориҳои зиёди иқтисодиву молиявӣ нигоҳ накарда, маҳз бо назардошти зарурати таъмини зҳтиёҷоти кишварамон ва ҳалли мушкилоти ҷиддии энергетикии мамлакатамон ба идомаи сохтмони ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта оғозгардидаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз нав шурӯъ кардем.                Мо собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ, ки барои муҳофизати хоки поки Ватан ҷони худро дареғ надошта, бар душмани башарият-фашизм ғалаба кардем ва ҳаёти худро ба ободониву бунёдкории кишварамон бахшидем, чунин даъвати пурэъҷоз ва саршори самимияту муҳаббати роҳбари давлатамонро дар вохурӣ бо сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» якдилона ҷонибдорӣ менамоем:                  «Аз ҳамин рӯз эътиборан майдони сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҷабҳаи заҳмати созанда ба хотири ободии Ватан эълон карда, тамоми мардуми кишвар, ҳар фарди бонангу номуси миллат, ҳар як шахси ватандӯсту ватанпараст ва ҳамчунин ҳамватанони бурунмарзиамонро даъват менамоем, ки бо пуштибонӣ аз икдоми давлати Тоҷикистон барои дастгирии моддиву маънавии шумо-бунёдкорони иншооти тақдирсози миллати сарбаландамон саҳмгузорӣ намоянд».                 Мо собиқадорон, ба ин даъвати Роҳбари давлати тоҷикон аз самими қалб шарик шуда, ба мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, коргарону деҳқонон, муаллимону духтурон, кормандони муассисаву ташкилотҳо, махсусан соҳибкорону тоҷирон, сарватмандону сармоядорон муроҷиат менамоем, ки кори хайру тақдирсози бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғуп»-ро дастгирӣ намуда, мувофиқи имкон дар кадом шакле, ки набошад, саҳми худро гузоранд.                  Мо боварии комил дорем, ки даъвати сарвари тоҷикони ҷаҳон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муроҷиатномаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ дар байни ҳамватанони бурунмарзии мо, муҳоҷирони меҳнатӣ, соҳибкорону сармоядорон, ҳамзабонону дӯстони миллати тоҷик ҳамовозӣ пайдо менамояд ва онҳо дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» саҳми арзандаи худро мегузоранд. Зеро ки ин ашхоси шарифу саховатпеша ҳарчанд муваққатан аз Ватан дур зиндагӣ намоянд ҳам, доимо бо Ватан ва дар ёди Ватан ба cap мебаранд ва дар талошу орзуи ободоии ин марзи муқаддас ҷонбозиҳо менамоянд.                  Саҳмгузорӣ дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ин саҳмгузорӣ дар пурнуру равшан ва гарму мусаффо нигоҳ доштани хонаю кошонаи худ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як фарди кишвар, пурнозу неъмат намудани дастурхони ҳар яки мо, зиёд намудани маоши кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва нафақаю ҷуброноти пиронсолону маъюбон, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ва ба кор андохтану васеъ намудани фаъолияти корхонаҳо, яъне ба сатҳи баланди давлатҳои мутараққӣ бардоштани иқтисодиёти Ватани азизамон мебошад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намуданд, ки дар сурати бунёд гардидани Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо Тоҷикистон, балки куллӣ кишварҳои минтақа манфиати зиёд хоҳанд дид. Пеш аз ҳама, мардуми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз барқи арзон бархӯрдор мегарданд, ҳамчунин Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» боиси таҳкими амнияти энергетикӣ, рушди босуръати саноат ва пешрафти иқтисодии мамлакатҳои минтақа хоҳад гашт.                  Миллати кӯҳанбунёди тоҷик боз бар он шарафёб мегардад, ки ба халқу миллатҳои ҳамсоя ва мамлакатҳои дуру наздик нуру зиё ва ободиву фаровониро пешкаш намояд.                   Бори дигар таваҷҷӯҳи ҳамватанони азизамонро ба суханони зерини Президенти мамлакат ҷалб менамоем, ки дар вохурӣ бо сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» баён намуданд: «Рушди устувори иқтисодиёт, ободии Ватан, сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум ва ниҳоят истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро бе бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таъмин кардан амри маҳол аст. Аз ин рӯ, сохтмони он талаби давру замон, яъне зарурати ҳаётӣ мебошад ва инро ҳар як фарди солимфикр, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он, бояд хуб дарк намояд».                  Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ умеду боварии комил дорад, ки мардуми меҳнатдӯсти шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзии мо даъвати Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муроҷиатномаи мазкурро гарму ҷӯшон дастгирӣ менамоянд ва мо дар ҳамбастагии қавии ҳамагон Hepӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар мӯҳлати муайяншуда бунёд месозем ва ба ҳадафҳои ниҳоии худ мерасем. Муроҷиатнома дар маҷлиси Раёсати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2009 қабул карда шудааст.

Ноябрь 5, 2009 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд