МУВАФФАҚИЯТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ 18 – УМИ ОСИЁ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар Ҷамъияти саҳҳомии «ТТ Мобайл» ба муносибати анҷом ёфтани Бозиҳои 18 – уми Осиё ва иштироки фаъолонаи варзишгарони тоҷик дар бозиҳои мазкур нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Бозиҳои навбатии 18 – уми Осиё ин дафъа дар Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида шуданд. Дар нишасти матбуотӣ устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ, қаҳрамони варзиши Осиё дар намуди гулӯлапартоӣ Дилшод Назаров, қаҳрамони чандинкаратаи мусобиқаҳои байнахалқӣ, гурзпарто Галина Митяева, ки дар олимпиадаи тобистонаи Чин ҷои чорумро ишғол карда буд, муншии умумии Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Евгений Шумарин, мудири тиҷоратии Ҷамъияти саҳҳомии «ТТ Мобайл» Антон Кузнецов ва хабарнигорон иштирок намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҷамъияти саҳҳомии «ТТ Мобайл» сарпарастии иштироки варзишгарони тоҷикро дар Бозиҳои 18 – уми Осиё ба зимма гирифта буд. Роҳбарияти ширкат ба варзишгарон барои натиҷаҳои хуби бадастовардаашон дар ин мусобиқа изҳори сипос намуд. Варзишгарон ба роҳбарияти ширкат барои дастгирӣ, ҳамкории самарабахш ва саҳми арзандаашон дар ғалабаи умумӣ миннатдорӣ изҳор намуданд. Аз ҷумла, Дилшод Назаров зикр кард, ки варзишгарони тоҷик имрӯз аз варзишгарони дараҷаи байналхалқии мамлакатҳои дигар ягон камӣ надоранд. Боварии комил дорам, ки варзишгарони тоҷик дар бозиҳои ояндаи қитъаи Осиё ширкат варзида, инчунин дар мусобиқаҳои дигари байналхалқӣ натиҷаҳои боз ҳам бештар ба даст хоҳанд овард. Қайд карда шуд, ки варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа ширкат варзида, бори аввал дар байни варзишгарони 38 – мамлакат ҷои 11 – умро ишғол намуданд. Зимни нишасти матбуотӣ сухан дар бораи проблемаҳои варзиши сабуки мамлакат низ рафт. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистон бисёр намудҳои варзиши сабук вуҷуд надоранд. Барои пешрафти варзиш дар Тоҷикистон маблағи калон лозим аст. Муншии умумии Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Е.Шумарин изҳор намуд, ки барои рушди соҳаи варзиш дар мамлакат барномаи мушаххас таҳия карда мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






