Н.БӮРИЕВ: «ФЮЧЕРИСТҲО НИЗ ХИЗМАТ КАРДААНД…»
Душанбе, 20 ноябр (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) – Бо мақсади дар амал татбиқ кардани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти рақами 663 аз 30.05.2009 с. «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳи корӣ фаъолият мекунад, ки он ба баррасии масоили назорат аз болои пардохт ва ҳалли қарзи хоҷагиҳои пахтакорӣ, омода кардан ва супоридани Тасдиқномаҳои ҳуқуқӣ дар бораи аз ҳисоб баровардани қарзҳо, фоизи онҳо ва ҷаримаҳо машғул аст. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аллакай Тасдиқномаҳои ҳуқуқӣ дар бораи қарздор набудани хоҷагиҳо ба зиёда аз 200 хоҷагиҳои пахтакори нохияҳои Бохтар, Вахш ва А.Ҷомӣ супорида шуда, ин ҷараён то охири сол идома хоҳад ёфт. Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматҷон Бӯриев ба мухбири АМИТ «Ховар» дар бораи таърих ва сабабҳои пайдоиши қарзҳои ҳоҷагиҳои пахтакор қайд кард, ки «…Фючеристон — сармоягузорони ватанӣ дар ибтидои фаъолияти хеш дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд, зеро солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ вазъияти иқтисодӣ ва сиёсӣ мураккаб буд, маблағгузорӣ кардан дар соҳаи хоҷагии қишлоқ амали таваккалӣ ва ғайриэътимод ба шумор мерафт. Риштаҳои иқтисодӣ канда шуда, аз хориҷи кишвар овардани сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва ба хориҷа баровардани маҳсулоти хом мисли имрӯз кори саҳлу осон набуд. Ҳамчунин шумораи зиёди гурезагони ба Ватан баргашта, занону духтарони деҳот бояд бо ҷои кор таъмин карда мешуданд». Аз оғози солҳои 2000 – 2001 нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба тадриҷ паст шудан гирифт, муносибатҳои нави бозорӣ фаъол гардиданд, ба шарофати осоиштагӣ ва сулҳу салоҳ равобити хориҷӣ афзун ва шароити иқтисодиву иҷтимоӣ низ дигаргун шуд.Аксарияти хоҷагиҳои пахтакорӣ, маҳз дар ҳамин давраи иқтисодӣ вобаста ба дигар шудани системаи бонкӣ, андозбандӣ ва маблағузорӣ ба қарзҳо гирифтор шуданд. Фоизи солонаи қарзҳо пахтапарвариро ба соҳаи ғайридаромаднок мубаддал гардонид. Ба хотири раҳоӣ ёфтан аз ин ҳолати ногувор ва мусоидат кардан ба рушди кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалиро татбиқ карда дар навбати аввал қарзҳои пахтакоронро, ки ба ҳисоби умумӣ 548 миллион доллари ИМА –ро ташкил мекунанд мебахшад. Аммо, 154 миллион долларе, ки сармоягузорон аз Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвариши пахта гирифта ғайримақсаднок истифода бурданд, аз ҳисоби худи фючеристон дар муддати 7 сол бо фоизҳо рӯёнида мешаванд. Гузашта аз ин ба кишоварзони мамлакат дар масоили кишти зироат, фаъолияти хоҷагидорӣ, интихоби сармоягузор ва гирифтани қарз интихоби озод кафолат дода мешавад. Дар ҳамин ҳол роҳбарони хоҷагиҳои пахтакори ноҳияҳои Вахшу Бохтар, ки аз пардохти қарзҳо озод шуданд, ба саволи рӯзноманигорон, «минбаъд ба парвариши кадом маҳсулоти кишоварзӣ машғул мешавед?», посух доданд, ки пахтакориро идома хоҳанд дод, зеро он фоидаовар аст.