ПЕШНИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТИ МИНСК

Ноябрь 27, 2009 16:59

                 Минск, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар» — Белта). — 26 – 27 ноябр дар шаҳри Минск дар мавзӯи «Фазои ИДМ –ро муттаҳид месозем» маҷлиси тайёрии мамлакатҳои ИДМ ба Конфронси ҷаҳонии бахшида ба рушди алоқаи барқӣ дар соли 2010 ва маҷлиси 41 – уми Шӯрои роҳбарони муассисаҳои алоқаи Иттиҳоди минтақавии ИДМ дар соҳаи алоқа баргузор мегардад.                 Дар маҷлис Президентҳои Белорусия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, намояндагони роҳбарияти баъзе мамлакатҳои ИДМ, Гурҷистон, Иттифоқи байналхалқии алоқаи барқӣ, Комиссияи иқтисодии дар Аврупобудаи СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо, роҳбарони вазоратҳои соҳавӣ ва 62 ташкилоту ширкат аз 27 давлат иштирок доранд.                 Ҳадафи маҷлис мусоидат ба рушди технологияҳои иттилоотӣ дар минтақаи ИДМ, сафарбар намудани имкониятҳои инсонӣ, молиявӣ ва техникӣ барои таъмини ҳар чи зудтар гузаштан ба соҳаҳои ёриррасони рақамии минтақавӣ ва шабакаи рақамии хизматҳо мебошанд, ки бояд ба рушди иқтисодӣ ва пешрафти минтақа мусоидат намоянд.                  Дар ҷараёни маҷлис дар мавзӯъҳои «Бунёди оянда дар асоси алоқаи доманадори барқӣ», «Мусоидат ба муҳайё сохтани шароити мусоид», «Такмил додани фаъолияти хизматрасонии ҳукуматӣ бо кӯмаки технологияҳои иттилоотии алоқа», «Таҳкими боварӣ ва амният зимни истифодаи технологияҳои иттилоотии алоқа» ва ғайра маҳфилҳои алоҳида гузаронида мешаванд.                 Президенти Белорусия Александр Лукашенко дар ҳузури иштирокчиёни маҷлис изҳор намуд, ки мамлакатҳои ИДМ бояд дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ самарабахштар ҳамкорӣ кунанд.                 «Мо бояд самтҳои барои мамлакатҳоямон ягонаи рушди соҳаи иттилоотиро барои солҳои наздиктарин муайян намуда, роҳу усулҳои амалӣ сохтани онро муқаррар созем, — гуфт роҳбари давлати Белорусия. — Боварӣ дорам, ки мо ҳамдигарро хеле хуб дониста ва фаҳмида, таҷрибаи ҳамдигарро аз худ карда, хароҷоти давлатҳоямонро барои коркарду истифодаи навигариҳо дар ин соҳаи муҳим хеле коҳиш дода метавонем, — гуфт А.Лукашенко.                  Ҳамчунин қайд карда шуд, ки имрӯз ҳама ба афзун гардондани самараи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили ҷиноятҳои кибернетикӣ ва пешгирию аз байн бурдани оқибатҳои фалокатҳои табиӣ ва техногенӣ манфиатдоранд.                  Президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи дастовардҳояшон дар соҳаи рушди системаҳои иттилоотии алоқа сухан ронданд.                  Аз ҷумла, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиронро ба он ҷалб намуд, ки мамлакатҳои ИДМ бояд ҷидду ҷаҳдашонро дар бобати таъмини амнияти иттилоотӣ, аз ҷумла, таъмини амният, бехатарӣ ва нигаҳдории маълумот дар шабакаи интернет ҷалб намуд.                  Президенти Қирғизистон Қ.Боқиев изҳор намуд, ки мамлакатҳои ИДМ бояд ҳамкориро дар соҳаи мубодилаи таҷриба ва тадқиқоти илмӣ дар соҳаи истифодаи технологияҳои навтарин тақвият бахшанд.                  Президенти Қазоқистон Н.Назарбоев муассисаҳои алоқаи мобилии мамлакатҳои ИДМ – ро даъват намуд, ки ҳамкориашонро бештар тақвият бахшанд. Вай қайд кард, ки мулоқоти Минск барои рушди минбаъдаи шабакаи воҳиди иттилоотии мамлакатҳои Иттиҳод нақши муҳим мебозад.

Ноябрь 27, 2009 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст