ПРОКУРАТУРА 106531 СОМОНИРО БА БУҶА БАРГАРДОНД
Мӯъминобод, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Прокуратураи ноҳияи Мӯъминобод ҳолати иҷроиши қонунгузории ҷорӣ вобаста ба ғайримақсаднок ишғол кардани замин, худсарона сохтани манзили истиқоматӣ, саркашӣ аз пардохти андоз, фаъолияти кумитаи заминсозӣ ва дигар сохторҳои ҷамъиятиро мавриди санҷиш қарор дод. Сӯҳроб Солеҳов прокурори ноҳия дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки дар натиҷаи санҷиш 9 нафар шаҳрвандон оиди вайрон кардани талаботҳои қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Инчунин аз тарафи прокуратураи ноҳия дар ин давра 14 адад қарорҳои раиси ҷамоати Чилдухтарон, 23 фармони раиси хоҷагии деҳқонии «Мӯъминобод», 6 фармони раиси хоҷагии деҳқонии «Навбаҳор» ҷамъ 89 адад фармонҳои раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва қарорҳои раиси ноҳия эътироз оварда шуд. То инҷониб прокуратураи ноҳия доир ба бақияпулиҳои андоз 40 адад амр тартиб дода, маблағи 106531 сомониро аз ташкилоту муассисаҳо баргардонда ба буҷаи ноҳия ворид сохтааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






