РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДМТ

Ноябрь 24, 2009 16:02

                  Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар «Шаҳраки донишҷӯён» устодону шогирдони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баргузории як чорабинии фарҳангӣ Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд.                    Ректори ДМТ Нуруддин Саидов роҷеъ ба аҳамияти ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ва нақши он дар рукни давлатдорӣ баромад намуда, зикр кард, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Дар таърихи нави инсоният ин се падидаи ҷамъияти инсонӣ нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.                    Гуфтанист, ки Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Дар он рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситораҳо ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ, инъикоси худро ёфтаанд.                  Инчунин, устодони донишгоҳ дар назди ҷамъомадагон роҷеъ ба Парчам ва нақши он дар сиёсати давлатдорӣ сухан ронданд. Қайд гардид, ки миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои бузурги худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳастӣ бахшидааст, ки Дурафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хосса дошт. Дар асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ — «Шоҳнома», ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи Кова ба муқобили Заҳҳоки хунхор ҳикоя карда мешавад. Коваи оҳангар пешдомани чармини худро, ки ранги сурх дошт дирафш карда, халқи ситамдидаро ба мубориза даъват мекунад. Мардум дар зери ин парчам, ки бо номи «Дирафши ковиён» машҳур аст, муттаҳид мешаванд. Аз он замон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлату давлатдорӣ байни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифт.                  Мавриди зикр аст, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва яке аз рамзҳои асосии давлат қабул карда шудааст.                   Дар фарҷом аз ҷониби дастаи ҳунарии ДМТ баҳри болидахотирии иштирокдорон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ барномаи консертӣ намоиш дода шуд. 

Ноябрь 24, 2009 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд