РУЗӢ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ КАЙ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД?

Ноябрь 3, 2009 16:02

                 03-юми ноябри соли 2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст ва баъди қабул гардидани Қонуни мазкур минбаъд ҳар сол ин сана ҳамчун рӯзи ид ҷашн гирифта мешавад.                 Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Онҳо нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.               Парчам мавқеъ ва нақши хоссаи худро дар давлатдорӣ, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмиллалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеъа дорад. Дар он рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситораҳо ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ, инъикоси худро ёфтаанд. Аз ин рӯ Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ роҳнамоӣ менамояд.                  Мо бояд Парчамро ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат эҳтиром намоем ва қадршиносӣ кунем. Рӯзи қабули Парчами давлатӣ барои мо бояд ҳамчун рӯзи ҷашн ва иди умумимиллӣ бошад.                 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 3, 2009 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд