С. &#1202. ЮСУФ: «МУНОСИБАТ&#1202ОИ КИШОВАРЗИИ ТО&#1206ИКИСТОНУ СУДОНРО ТА&#1178ВИЯТ ХО&#1202ЕМ ДОД

Ноябрь 25, 2009 13:11

                  Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Судон дар Тоҷикистон Сироҷиддин Ҳомид Юсуф эътимоднома қабул кард.                   Пас аз мулоқот бо Сарвари давлат Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Судон дар Тоҷикистон Сироҷиддин Ҳомид Юсуф ба рӯзноманигорон иброз дошт, ки ҳамроҳи сарвари давлати Тоҷикистон масоили барқарор намудани робитаҳои бештар ва мустаҳакамтари сиёсию иқтисодии байни ду кишварро баррасӣ намудааст.                   Ӯ афзуд, ки ман ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъияти кунунии Судон маълумоти муфасcал додам.. Хусусан, дар бораи интихоботи умумие, ки соли 2010 дар Судон барои интиқол ёфтан ба марҳилаи демократӣ баргузор мегардад ва дар бораи созишномае, ки барои ҳалли ин қазия имзо карда мешавад, иттилоъ додам. Инчунин, мо ба насиҳат ва нишондодҳои ҳакимонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бобати таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, таваҷҷӯҳ зоҳир намудем.                   «Мо инчунин роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёр ҷониба, пеш аз ҳама ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои дипломатӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони конфронси Исломӣ ибрози назар кардем, ман иброз доштам, ки ҷониби Судон барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг имкониятҳои бузург дорад. Мо метавонем, ба Шумо барои тайёр кардани мутахассисони забони арабӣ кумак расонем», тазаккур дод сафир.                     Инчунин, мо масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ниҳодҳо ва идораҳои мутасаддии Точикистон дар самти ҳамкории иқтисодиро баррасӣ намуда, имкониятҳои минбаъдаи муносиботро дар ин самт иброз доштем.                   «Чи хеле, ки шумо медонед кишвари Судон нефт ва маъданҳои гуногун ва масолеҳи кишоварзӣ, аз қабили кунҷит ва фули судонӣ ва амсоли инҳоро ба хориҷ содир менамояд. Аз ин рӯ, бо имконоти мавҷуда мо кӯшиш менамоем, ки дар ин самт низ фаъолияти пурсамар дошта бошем», гуфт дар хотима Сироҷиддин Ҳомид Юсуф.

Ноябрь 25, 2009 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад