САДРИДДИН АЙНӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Ноябрь 24, 2009 11:35

                   Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон нимпайкараи нависандаи бузург, ходими намоёни ҷамъиятӣ Садриддин Айнӣ гузошта шуд. Дар маросими тантанавии кушодашавии нимпайкара муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ Шариф Саидов, фарзанди Садриддин Айнӣ, олими шинохта Камол Айнӣ ва дигар шахсони расмӣ, донишҷӯён, адибону шоирон, мухлисон иштирок карданд.                   «Номи Садриддин Айнӣ рамзи худшиносии миллии мардуми тоҷик, бедории маънавӣ, эҳёи адолати иҷтимоӣ гардид, — чунин қайд кард дар баромади худ вазири маориф А.Раҳмонов. «Ин адиби бузург дар доираи фарҳанги миллӣ маҳдуд нашуда, барои дастовардҳои бузурги адабӣ ва фарҳангии халқҳои дигар низ хизмат кардааст. Бинобар ҳамин таваҷҷӯҳ ба шахсияти С.Айнӣ ҳамчун навистандаи бузург ва ходими намоёни ҷамъиятӣ на танҳо аз тарафи мардуми тоҷик, балки аз тарафи намояндагони адабиёт ва фарҳанги ҷаҳонӣ имрӯз низ зиёд аст. С.Айнӣ адабиёти миллии тоҷикро бо адабиёти ҷаҳонӣ пайваст, беҳтарин дастовардҳои Шарқ ва Ғарбро якҷоя карда, ба ҷаҳон таълимоти бузурги башардӯстиро пешкаш карда, қадри инсон ва мақоми онро дар ҷомеа нишон додааст. Беҳуда нест, ки яке аз беҳтарин муассисаи таълимии соҳаи гуманитарии мамлакат — Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шудааст».

Ноябрь 24, 2009 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд