САФАРИ КОРИИ Э. РАҲМОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ШАҲРИ ҚАЙРОҚҚУМ
30-юми ноябри соли 2009 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома ёфт. Субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ширкати истеҳсолии «Бародарони саховатманд», ки дар як қисмати ҳудуди корхонаи орди шаҳри Қайроққум ҷой гирифтааст, ташриф оварда, бо корҳои ибратбахши соҳибкор Нуриддин Қосимов аз наздик шинос шуд. Чунонки аён гашт, ӯ дар ин ҷо бо харҷи беш аз 600 ҳазор доллари амрикоӣ 12 сехи истеҳсолӣ бунёд намуда, зиёда аз 600 нафарро бо кори доимӣ таъмин кардааст. Маоши миёнаи коргаронаш ба 450 сомонӣ баробар мебошад. Айни ҳол сехҳои истеҳсоли орди хушсифат, навъҳои гуногуни макарон, маҳсулоти қаннодӣ, нӯшокиҳои хунук, зарфҳои мухталифи шишагӣ барои нӯшобаю консерваҳо, дорӯсозӣ, коркарди чӯб ва ғайра бо мувафффақият фаъолият доранд. Роҳбари корхона ният дорад, шумораи сехҳо ва навъҳои маҳсулотро боз ҳам зиёд намуда, дар зарфи як соли оянда боз 1000 ҷойи нави корӣ муҳайё созад. Дар ояндаи наздик дар ин ҷо ҳамчунин сехи истеҳсоли памперс барои кӯдакон ба роҳ монда мешавад, ки дар Тоҷикистон бори нахуст ба назар мерасад. Соҳибкор Нуриддин Қосимов дар шаш гектар ҷангали дарахтони ар-ару сафедор бунёд намуда, бовар дорад, ки аз коркард ва фурӯши чӯби он то 2,5 миллион доллари амрикоӣ фоидаи соф ба даст меоварад. Дар ҳудуди корхонаи истеҳсолии «Бародарони саховатманд» ҳамчунин се гармхона низ ташкил карда шудааст, ки помидор бодиринг ва дигар сабзавоти зимистонаю барваққтӣ дар он бо дуди дегхонаи гармидиҳанда гарм карда мешавад. Ба гуфти деҳқонони сабзавоткор аз ҳар як ниҳоли помидор ба ҳисоби миёна 4 кг ва аз як гармхона то 9 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст, ки ин фоидаи хуб ба даст меорад. Дар саҳни ҳавлии ин корхона ҳамчунин соҳибкорони зиёд аз шаҳри Қайроқум ва дигар шаҳру ноҳияҳо ҷамъ омада буданд ва дар сӯҳбат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ӯро бовар кунонданд, ки аз саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун харидорӣ намуда, дар бунёди ин иншооти бузурги аср саҳми намоёни худро мегузоранд. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар хоҷагии деҳқонии Қушатов якчанд ниҳоли зардолу шинонда, ба бунёди боғи нави 300 гектара асос гузошт. Бо оғози бунёди ин боғ ҳамчунин аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ низ дар мамлакат оғози расмӣ бахшида шуд. Чунонки зикр гардид, ки дар ин боғ ниҳолҳои зардолу, хурмо, шафтолу ва себу анор шинонда мешавад ва қисмати зиёди он, яъне зиёда аз 180 гектарашро зардолубоғ ташкил хоҳад дод. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо деҳқонону мутахассисон таъкид дошт, ки маҳз зардолу метавонад яке аз маҳсулоти асосии муаррификунандаи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ бошад. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди намояндагони сершумори аҳолии ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров суханронӣ намуда, бори дигар таъкид дошт, ки мутобиқи супориши қаблан додаи ӯ дар зарфи 4 соли оянда дар ҳудуди вилояти Суғд дар 20 ҳазор гектар ва маҷмӯан дар ҷумҳурӣ дар 50 ҳазор гектар замин боғҳои нав бунёд карда мешаванд ва оянда боғдорӣ, хусусан зардолупарварӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзии Тоҷикистон хоҳад шуд. Сарвари давлат пешниҳод кард, ки боғи мазкур «20- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номида шавад. Даъвату ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштироки арзанда дар бунёди нерӯгоҳи обии Роғун тариқи харидорӣ аз саҳмияҳои он мавриди пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи мардум қарор гирифт. Намояндагони сершумори мардум аз ҷумлаи пиру ҷавон ва коргарони касбу кори гуногун изҳор медоштанд, ки баробари ба фурӯш баромадани саҳмияҳо аз онҳо харидорӣ намуда, нақши худро дар бунёди ин иншооти тақдирсози Тоҷикистон мегузоранд.