САФИРИ ӮЗБЕКИСТОН: «ДАР БАЙНИ КИШВАРҲОИ МО ЯГОН ИХТИЛОФ НЕСТ»

Ноябрь 25, 2009 12:01

                   Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоисломов 23 ноябр дар Душанбе барои хабарнигорон, сармуҳаррирони агентиҳои иттилоотӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ва намояндагони сафоратҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Дар он, аз ҷумла, сафири Олмон дар Тоҷикистон, бону Дорис Хелтрампф иштирок дошт.                      Ш.Шоисломов изҳор намуд, ки вақтҳои охир воситаҳои гуногуни ахбори оммавӣ роҷеъ ба қарори Ӯзбекистон дар бораи хориҷ гардидани он аз системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҳар гуна хабару мақолаҳо чоп мекунанд.                      Вай зикр намуд, ки дар шароити имрӯзаи идома ёфтани фаъолияти Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ ба кори босуботу самарабахш ва бехатари системаи энергетикии Ӯзбекистон хавфи воқеӣ таҳдид менамояд. Бинобар ин масъалаи аз системаи мазкур хориҷ гардидани Ӯзбекистон ва фаъолияти мустақилонаи системаи энергетикии он ба миён гузошта шуд. Тадбирҳои Ӯзбекистон дар бораи таъмини амнияти энергетикӣ имкон медиҳанд, ки фаъолияти босуботи системаи энергетикии мамлакат ба роҳ монда шавад.                      Дипломати ӯзбек таъкид кард, ки на танҳо Ӯзбекистон, балки ҳамаи мамлакатҳои минтақа аз Системаи муттаҳидаи энергетики Осиёи Марказӣ хориҷ хоҳанд гашт. Танҳо мамлакати мо дар ин бора нисбат ба мамлакатҳои дигар пештар қарор қабул намуд, гуфт дипломат. Мо имрӯз ба қувваи барқе, ки аз Тоҷикистон мегирем, эҳтиёҷ надорем. Дар натиҷа Тоҷикистон имконият пайдо мекунад, ки қувваи барқи зиёдатии худро барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти дохилӣ истифода барад. Дар хусуси интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба қисмати шимолии Тоҷикистон ҳаминро таъкид карданиам, ки қувваи барқ аз Ӯзбекистон ба ин минтақа мисли пештара дода хоҳад шуд, гуфт сафир.                     Қайд карда шуд, ки то охири моҳи ноябр сохтмони хати интиқоли қувваи барқи 500 киловата дар байни Ғузор ва Сурхон ба охир мерасад. Ин имкон хоҳад дод, ки вилояти Сурхондарё бо қувваи барқ таъмин карда шавад.                     Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Тоҷикистон фасли тобистон ба Ӯзбекистон нисбат ба қувваи барқи аз ин мамлакат мегирифтааш 1,5 баробар зиёд қувваи барқ медиҳад. Ш.Шоисломов дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сухан ронда, таъкид намуд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамсояҳои наздиктарин мебошанд. Дар байни мамлакатҳои мо ягон ихтилофоти сиёсӣ вуҷуд надорад. Чунин масъалаҳо масъалаҳои хоҷагӣ мебошанд ва бо розигии ҳар ду ҷониб ҳал карда мешаванд.                     Сафири Ӯзбекистон дар фарҷоми нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки ҳамаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти системаи энергетикиро мувофиқит тартиботи муқарраргардида дар асоси созишномаҳои имзокардаи давлатҳои минтақа ҳал кардан лозим аст.

Ноябрь 25, 2009 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд