Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 27.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. То 28 июли соли равон дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар доданд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 2-7 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа гарм, рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






