СОЛИ 2010 БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД

Ноябрь 10, 2009 10:46

                  Душанбе, 10 ноября. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди тайёрӣ ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 4 июли соли 2006 ба тавсиб расид. Ин маъракаи муҳими умумиҷумҳуриявӣ ба шумор меравад, ки тамоми аҳолии ҷумҳурӣ ва фонди манзил ба рӯйхат гирифта мешавад. Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии Омор мутасаддии ин маъракаи муҳим аст.                    Дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори раёсати барӯйхатгири аҳолии Кумитаи давлатии Омор Зебо Исмоилова оиди ин маъракаи муҳим маълумоти муфассал дод. Ӯ қайд кард, ки имрӯз Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ корҳои оммавӣ, ташвиқотӣ бо роҳбарони ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, мақомоти маҳаллӣ гузаронида истодаст, то ки шумораи аҳолӣ ва манзилро ки Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ тартиб додааст санҷида дар ҳақиқат муайян карда шавад, ки дар асл ҳамин манзил ё хонаи истиқоматӣ ҳаст ё не. Ғайр аз ин мо имконият пайдо мекунем, то ки донем, ки имрӯз вазъи зисту зиндагии аҳолӣ дар кадом сатҳ қарор дорад.                    Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки мо кӯшиш мекунем, то тамоми аҳолии ҷумҳуриро фаро гирем. Мо доимо бо мутасаддиёни шаҳру навоҳӣ дар тамос ҳастем, ки аз корҳои тайёрӣ огоҳ бошем. Аз 19 то 21 октябри сори равон дар кумитаи Омори ҷумҳурӣ бо роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ оид ба тартиб додани нақшаҳои ташкили ин маърака семинар гузаронида шуд. Пас аз анҷоми ин дастурдиҳии омӯзишӣ роҳбарони мақомоти омори маҳалӣ вазифадор карда шуданд ки нақшаҳои ташкилиро тартиб дода ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ мувофиқа намуда, ба кумитаи давлатии омор пешниҳод намоянд. Ҳозир чуноне маълум аст давраи тартиб додани накшаҳои ташкилӣ идома дорад.                      Мақомоти маҳаллии омор вазифадор карда шуд, ки дар накшаҳои гузаронидани корҳои таблиғотиро тартиб диҳанд ва хамчунин бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ онро мувофиқа намуда ба Кумитаи давлати омори ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.                      Аз якуми январи соли 2010 корҳои ташвиқотӣ оиди ин маъракаи муҳим оғоз меёбад. Бояд гуфт, ки барӯйхатгирии аҳолӣ дар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар вақти барӯйхатгирии аҳолӣ, мардум бояд кӯшиш ба харҷ диҳад ва ҳамкорӣ кунад бо кумитати омор, то ки ин маъракаи муҳим дақиқ ва сари вақт анҷом ёбад ва вазифаи асосии кумитаи омор аз он иборат аст ки то оғози барӯйхатгирӣ аҳолиро тайёр намояд.              Ҳамасола дар буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин маъракаи муҳим маблағи муайян ҷудо карда мешавад.                 Чанде қабл Раиси Кумитаи омори ҷумхурӣ Мирганд Шаҳбозов дар яке аз нишастҳои матбуотӣ қайд карда буд, ки барои гузаронидани ин маърака Ҳукумати Ҷумхурӣ 6,5 миллион сомонӣ ҷудо кардааст, ки барои гузаронидани ин чорабинии муҳим 40 миллион сомонӣ лозим аст. Ҳамаи хароҷотҳои ин маърака аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бисёр хуб мешуд агар донорҳо ҳам ба ин таваҷӯҳ зоҳир мекарданд, локин то имрӯз донорҳои байналмиллалӣ ба ин маърака бетараф ҳастанд.                 Қобили зикр аст, ки барӯйхатгирии аҳолӣ аз 20 сентябр то якуми октябри соли 2010 ба нақша гирифта шудааст.  

Ноябрь 10, 2009 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст