ТАҶРИБА ВА ПРОБЛЕМАҲОИ БУНЁДИ СИСТЕМАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ДАР ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СААД
Маскав, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). – 19 ноябр дар Маскав дар мавзӯи «Стратегияи амнияти миллии Русия то соли 2020. Таҷриба ва проблемаҳои бунёди системаи амнияти миллӣ дар давлатҳои аъзои СААД» семинари илмию амалӣ баргузор гардид. Дар семинар ҳайатҳои Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД – Русия, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, инчунин Муншии умумии СААД Николай Бордюжа иштирок доштанд. Намояндаи Русия дар бораи мазмуну мундариҷа ва ҳадафҳои стратегияи амнияти миллии мамлакат ва дастгирии илмию методологии таҳияи он маълумот дод. Иштирокчиёни семинар дар бобати омода сохтани ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ таҷриба иваз карданд, ки роҳу усулҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳоро муайян карда, барои таъмини амнияти миллӣ истифода бурда мешаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






