ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ ХОРИҶӢ БА КОБУЛ

Ноябрь 19, 2009 11:18

                   Кобул, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар» — Афғонистон.ру). – Бегоҳии 18 ноябр ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Осаф Алии Зардорӣ барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти Афғонистон ба шаҳри Кобул ташриф овард.                    Инчунин котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон баъди чошти дирӯз ба Кобул омад.                     Аз Федератсияи Русия дар маросими савгандёдкунии Президенти Афғонистон вазири корҳои хориҷии мамлакат Сергей Лавров иштирок менамояд.                    Тавре хабар дода шуда буд, барои таъмини бехатарӣ ва амният тӯли рӯзҳои охир дар шаҳри Кобул ва ноҳияҳои атрофи он тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд. Роҳҳои даромаду баромади пойтахти мамлакат аз 18 ноябр сар карда, комилан баста шуданд.                   Интихоботи Президенти Афғонистон аввали фасли баҳори соли равон баргузор гардида, бештар аз ду моҳ давом кард. Комиссияи мустақили интихобот 2 ноябр Ҳамид Карзайро расман Президенти Афғонистон эълон намуд. Зеро ҳарифи асосии Ҳ.Карзай Абдуллои Абдулло аз иштирок дар даври дуюми интихобот даст кашид. Ҳамроҳи Ҳ.Карзай яке аз муовинони ӯ Муҳаммад Карими Халилӣ интихоб гардид. Вазири собиқи мудофиаи Афғонистон Муҳаммад Фаҳим ба ҷои Аҳмад Зиё Масъуд ноиби аввали Президенти Афғонистон интихоб гардид.                    Дар маросими савгандёдкунии Президенти Афғонистон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ низ иштирок менамояд.                   Мувофиқи Қонуни асосии Афғонистон, сардори давлат бояд дар давоми ду ҳафтаи баъди ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ кардан ҳайати нави ҳукуматро эълон намояд.

Ноябрь 19, 2009 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд