ТОҶИКИСТОН ИМКОНИЯТИ ХУДРО АЗ ДАСТ ДОД

Ноябрь 13, 2009 11:44

                  Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дастаи футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи Осиё-2010, ки дар Непал баргузор гашта буд, барои бозии финалӣ роҳхат нагирифт. Дар бозиҳои хотимавӣ ду гурӯҳи Е ва G, ки ҷойҳои сеюмро ишғол кардаанд, нисбат ба футболбозони тоҷик натиҷаи беҳтар нишон доданд.                  Натиҷаи беҳтаринро барои дар Мусобиқаи Осиё иштирок кардан дастаи футболбозони Ветнам, ки бо 12 хол ҷойи сеюмро дар гурӯҳи Е ишғол карданд, нишон доданд. Дастаи дигаре, ки барои роҳхат қувваозмоӣ мекунад дастаи футболбозони Малайзия бо 9 хол ҷойи сеюмро дар гурӯҳи G ишғол кардааст.                    Ёдовар мешавем, ки роҳхат барои бозии финалӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, ҳамчунин як дастаи аз Ғарб ва Шарқ, ки ҷойҳои сеюмро ишғол кардаанд, роҳхат мегиранд.

Ноябрь 13, 2009 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид