«ТОҶИКМАТЛУБОТ» ДАР АРАФАИ ИДИ ҚУРБОН КӮМАК МЕКУНАД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҳидоятҳои Сарвари давлатро нисбат ба кӯмак ва таъмин намудани табақаҳои гуногуни ҷамъият бо маҳсулоти сифатан хуб ва арзон дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Бо ин мақсад 25 ноябр аз ҷониби Бозори «Ганҷ»-и Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар ноҳияи Рӯдакӣ ба кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии нисбат ба бозор арзон ташкил карда шуд. Дар ин ярмарка 2 тонна картошка бо нархи 1 сомонӣ, 2 тонна пиёз 70 дирамӣ, 300 кило сабзӣ 70 дирамӣ, 200 кило карам 80 дирамӣ ва 500 кило каду 80 дирамӣ пешкаш карда шуд. Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» тасмим гирифтааст, ки чунин ярмаркаҳоро мунтазам дар дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ ташкил намуда, саҳми худро дар амалишавии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва Президенти кишвар гузорад. Кормандони АМИТ «Ховар» аз ин иқдоми хайрхоҳона сарфароз буда, сипоси худро ба роҳбарияти Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Бозори «Ганҷ» баён менамоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






