ВКХ ҶТ: «МО БА ИЗҲОРОТИ САФИРИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ҶТ ҲАМЧУН МАВҚЕИ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – «Мо ба изҳороти сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳамчун мавқеи сиёсии Ӯзбекистон баҳо медиҳем», гуфт намояндаи вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Ғоибов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, ки 25 ноябр дар Душанбе баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки 23 ноябр дар қароргоҳи сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон бахшида ба масъалаи хориҷ гардидани Ӯзбекистон аз Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. «Албатта ҳар давлат ҳақ дорад бо назардошти манфиатҳои миллии худ дар ин ё он созишномаю қарордоди байналхалқӣ иштирок намуда, ё аз он хориҷ гардад. Вале ҳуқуқи байналхалқӣ ва ҷаҳони мутамаддини имрӯза имкон намедиҳанд, ки чунин қарорҳои сиёсӣ бар зарари давлати дигар қабул карда ё равона карда шаванд, гуфт Х.Ғоибов. – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори вусъат додани ҳамкории мутақобилан муфиди иқтисодию сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд ва мебошад. Тоҷикистон ният дорад, ки муносибатҳои дуҷонибаи худро бо ин мамлакат дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми ҳамдигар густариш диҳад». Аз рӯи хабарҳои расида, сафири Ӯзбекистон ба унвони сохторҳои давлатии Тоҷикистон эродҳои беасос баён намудааст. Намояндагони вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» ақидаҳояшонро дар ин хусус иброз доштанд. Аз ҷумла, сардори раёсати вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон Абдулло Қурбонов зикр кард, ки «системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли системаҳои энергетикии мамлакатҳои ИДМ ба Системаи муттаҳидаи энергетикӣ дохил карда шудааст. Вай ёдовар шуд, ки вобаста ба хориҷ гардидани Ӯзбекистон аз Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ Шабакаи энергетикии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2009 мустақилона кор мекунад». Сардори хадамоти марказии танзими Ҷамъияти саҳҳомии «Барқи Тоҷик» Одинамаҳмад Чоршанбиев дар ҷавоби изҳороти дипломати ӯзбек дар бораи он, ки системаи энергетикии Тоҷикистон аз замони ҳокимияти шӯравӣ то имрӯз ягон маротиба тармим карда нашудааст, зикр кард, ки чунин суханони сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ягон асоси воқеӣ надоранд. Вай гуфт, ки системаи энергетикии Тоҷикистон муттасил тараққӣ мекунад. Солҳои охир фаъолияти бисёр нерӯгоҳҳои хурду калони барқӣ ба талаботи имрӯза мувофиқ карда мешаванд, гуфт О. Чоршанбиев. – Аз ҷумла, барои тармиму таҷдиди хати баландшиддати интиқоли барқи 220 – киловатаи Лолазор – Хатлон 280 миллион доллари ИМА сарф шуд. Ояндаи наздик тармими куллии НБО «Сарбанд» шурӯъ хоҳад шуд. Намояндаи Ҷамъияти саҳҳомии «Барқи тоҷик» Сергей Ткаченко дар ҷавоби изҳороти сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон чунин гуфт : — «Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар бораи талафоти калони қувваи барқ сухан ронд. Қайд кардан мехоҳам, ки ҳамаи системаҳои энергетикии мамлакатҳои ИДМ, аз ҷумла, Тоҷикистон ҳам бо ин проблема рӯ ба рӯ гардидаанд. Вале Тоҷикистон дар мубориза барои кам кардани талафоти қувваи барқ тадбирҳои самарабахш меандешад ва давлатҳои ҳамсоя таҷрибаи моро дар ин бобат меомӯзанд. Амалан талафоти қувваи барқ дар системаи энергетикии Тоҷикистон қариб 10 фоизро ташкил медиҳад. Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бояд барои ба даст овардани маълумоти аниқ ва боэътимод бевосита ба Ҷамъияти саҳҳомии «Барқи тоҷик» муроҷиат кунад», — гуфт С.Ткаченко. Вай дар бораи фалокати 9 ноябри соли равон дар НБО Норак рухдода сухан ронда, зикр намуд, ки фалокати мазкур дар натиҷаи қатъ намудани интиқоли барқ дар хати баландшиддати 500 – киловатаи НБО Норак ва хати интиқоли барқи «Регар» ба вуқӯъ пайвастааст. То рух додани фалокат системаи энергетикии Тоҷикистон аз Системаи энергетикии муттаҳидаи Осиёи Марказӣ ҷудо карда шуда буд ва мустақилона кор мекард. Дар натиҷаи фалокат интиқоли қувваи барқ ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қатъ карда шуд, Ӯзбекистон низ интиқоли қувваи барқро ба Афғонистон қатъ намуд, гуфт С.Ткаченко. Ба қавли С.Ткаченко, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври якҷониба содироти қувваи барқро қатъ намуд, ки аз Тоҷикистон ба ивази 1,5 сенти ИМА харида, онро ба ивази 6 сент мефурӯхт. Намедонам, барои чӣ сафири Ӯзбекистон дар ин бора чизе нагуфт, изҳори ҳайрат намуд намояндаи Ширкати саҳомии «Барқи тоҷик». – Сафир изҳор намуд, касе ки қувваи барқро мегирад, бояд ҳаққи онро пардозад. «Барқи тоҷик» то имрӯз аз Ӯзбекистон барои транзити қувваи барқ тақрибан як миллион доллари ИМА қарздор аст. Қарзи Ӯзбекистон аз Тоҷикистон 3,5 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Мушовири раиси Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Александр Силантев ақидаи худро дар бораи изҳороти сафири Ӯзбекистон баён намуд. Вай аз ҷумла, зикр кард, ки ба қавли сафири Ӯзбекистон, Туркманистон ҳанӯз соли 2003 аз Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ гардида буд. Вале сафир сабабҳои инро зикр накард. Сабаби хориҷ гардидани Туркманистон аз Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҳамин аст, ки ин ҷумҳурӣ ҳамон вақт қувваи зиёдатии барқ дошт ва бо Қазоқистон дар бораи фурӯхтани қувваи барқ қарордод имзо карда буд. Вале системаи энергетикии Ӯзбекистон ба транзити қувваи барқи Туркманистон ба Қазоқистон иҷозат надод, аз ҳамин сабаб энергетикҳои туркман аз системаи мазкур хориҷ гардиданд, таъкид кард. А.Силантев. – Чунин проблемаҳо дар системаи энергетикии минтақа мунтазам рух медиҳанд, онҳо хусусан дар мавсими тирамоҳу зимистон ба миён меоянд. Ӯзбекистон соли 2008 ба Тоҷикистон 420 миллион киловатт – соат қувваи барқ дода, соли 2009 ҳалли ин проблемаро то моҳи феврал кашол дод. Дар натиҷа мо ночор НБО «Қайроққум» — ро ба кор даровардем. Зеро дар акси ҳол як минтақаи калони мамлакат бе об мемонд. 1 феврал дар бораи интиқоли қувваи барқи Туркманистон қарордод имзо карда шуд. Тоҷикистон имсол бештар аз 2,5 миллиард киловатт – соат қувваи барқи зиёдатиро интиқол дод. А.Силантев ҳамаи ҷонибҳоро даъват намуд, ки сари мизи мушовара нишаста, проблемаҳои мавҷударо ҳал намоянд. Вай зикр намуд, ки дар натиҷаи аз Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ гардидани Ӯзбекистон транзити қувваи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон ғайриимкон хоҳад гашт. Коршиносони соҳа ва мутахассисон изҳор менамоянд, ки Ӯзбекистон дер ё зуд ба системаи ягонаи энергетикӣ бармегардад. Намояндаи ВКХ ҶТ зикр намуд, ки Тоҷикистон дар оянда ҳам муносибатҳои дуҷонибаро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла дар соҳаи энергетика вусъат хоҳад дод. Умед аст, ки ин масъала мусбат ҳал карда хоҳад шуд, гуфт дар хотима Х.Ғоибов.