ЗАБОН ДОНӢ ҶАҲОН ДОНӢ

Ноябрь 26, 2009 15:10

                   Хоруғ, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Дар даврони Истиқлолият дар ВМКБ ба таъсис додани марказҳои таълимӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Дар марказҳо асосан омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ ва компютер ба роҳ монда мешавад. Ҳоло дар ҳар як ноҳияи вилоят ду-се чунин марказҳо фаъолият менамоянд. Шаш сол қабл дар назди мактаби рақами 21-и ноҳияи Ишкошим низ чунин марказ таъсис дода шуд. Садри марказ Қамбар Муллоев дар сӯҳбат иброз дошт, ки имрӯз барои ҳар як ҷавон донистани забонҳои инглисиву русӣ чун обу ҳаво зарур аст. Қамбар Муллоев гуфт, ки натиҷаи баланди корам дар он аст, ки бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони ВМКБ ҳамкорӣ дорам ва кулли маводи таълимию методиро аз он ҷо дастрас менамоям. Дар ин муддат таи 120 нафар наврасон дар марказ таълим гирифта, аксарияти онҳо дар факултаҳои англисию русии Донишгоҳҳои гуногун таҳсил менамоянд.

Ноябрь 26, 2009 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд