ЗАРАРИ СӮХТОР
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – 16 ноябр дар хонаи шахсии сокини 22 — олаи ноҳияи Зафаробод Ҳикматой Маҳмудова сӯхтор ба амал омад. Сабаби ба амал омадани сӯхтор риоя накардани қоидаҳои таъмини бехатарии асбобҳои барқӣ мебошад. Ҳ.Маҳмудова хонаи истиқоматии худро ба воситаи дастгоҳи гармкунандаи барқии дастисохт гарм мекард. Дастгоҳи гармкунанда дар наздикии гаҳвораи кӯдаки навзод гузошта шуда буд. Кампали рӯи гаҳвора ба дастгоҳи гармкунанда расида, оташ гирифтааст. Кӯдаки навзоди дар гаҳворабуда, аз дуди оташ нафасгир шуда, ҳалок гашт. Ҳ.Маҳмудова кӯдаки навзоди худро танҳо монда, ба корҳои рӯзгор машғул буд. Мутахассисони Раёсати давлатии сӯхторнишонии ВКД Тоҷикистон сабабҳои сӯхторро муайян намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






