1 МЛН. $ БАРОИ САҲМИЯҲОИ «РОҒУН»
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ташаббуси Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳуриро дар мавриди ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва дар ин замина бунёд намудани Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», дар баробари тамоми мардуми диловару ҳимматбаланди кишвар, ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҳамовозӣ мекунад. Дар маркази матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки кормандони бонк тасмим гирифтанд, ки маблағи 1-рӯза маоши худро ба суратҳисоби Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» гузаронанд, ки маблағи умумии он зиёда аз 31 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, кормандони бонк давра ба давра ба маблағи 1 миллион доллари ИМА саҳмияҳои «Роғун»-ро харидорӣ карда, саҳми худро дар бунёди ин иншооти стротегии кишвар мегузоранд. Аз ҳисоби ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» низ давра ба давра саҳмияҳои НБО «Роғун» ба маблағи 5 миллион доллари ИМА харидорӣ мешаванд. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои даромади бонк ба кормандони сохтмони «Роғун» ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ либосҳои кории гарм фармоиш дода шуда, дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» суратҳисоби транзитӣ кушода шудааст, ки маблағи ҳамарӯзаи он ба суратҳисоби «Роғун» ирсол дода мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






