10 ВАРЗИШГАРИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2009
Душанбе, 25 декабря. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон 10 варзишгари беҳтарини соли 2009-ро муайян кард. Ба иттилоъи раиси ин Ассотсиатсия Нарзулло Латифов дар назархоҳӣ беш аз 60 хабарнигори соҳа ширкат карданд.Бар асоси назархоҳӣ ба рӯйхати беҳтаринҳо намояндагони 9 риштаи варзиш дохил шуданд, ки инҳоанд: Далер Сайфиддинов (Душанбе) – қаҳрамони мутлақи ҷаҳон оид ба таеквон-до ITF дар вазни то 78 кг дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия , Набимуҳаммад Хоркашев (Қӯрғонтеппа)– барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар вазни то 100 кг дар Юнон ва қаҳрамони Осиё дар шаҳри Тошканд, Эраҷ Раҳимов (Душанбе)– қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои ҷангӣ дар вазни то 52 кг дар Юнон, Дилшод Назаров (Душанбе) – қаҳрамони Осиё оид ба гурзандозӣ дар шаҳри Гуанжоуи Чин ва ғолиби мусобиқоти байналмилалӣ дар Бразилия ва Туркия, Ҷаҳон Қурбонов (Хуҷанд) – ҷои панҷум дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар вазни то 91 кг дар шаҳри Милани Италия ва ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон, Акмал Қодиров (Истаравшан) – барандаи медалҳои нуқраю биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба армрестлинг байни варзишгарони маъюб дар вазни беш аз 90 кг дар Италия ва қаҳрамони Осиё дар шаҳри Тошканд, Сабина Тағойназарова (Душанбе) – барандаи медалҳои нуқраю биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таеквон-до ITF дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, Парвиз Собиров (Душанбе) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои III Осиёӣ дар иншооти сарпӯшида оид ба гуштии «кураш» дар вазни то 90 кг дар шаҳри Ханойи Вйетнам, Фаррух Амонатов (Маскав) – қаҳрамони Осиёи Марказӣ — ғолиби сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба шоҳмот дар шаҳри Тошканд, Хуршед Маҳмудов (шаҳри Турсунзода) – капитани дастаи футболи «Регар» ТадАЗ, барандаи Ҷоми президенти AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва беҳтарин бозигари ин мусобиқа. Нарзулло Латифов, раиси АЖРВТ афзуд, дар назархоҳӣ хабарнигорони соҳа ҳамагӣ 34 варзишгарро, ки намояндагони 16 навъи варзишанд, номбар кардаанд. Ба гуфтаи ӯ беҳтарин варзишгарони сол бо ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломҳои Ассотсиатстияи журналистони риштаи варзиши кишвар мукофотонида хоҳанд шуд.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






