100 МУРҒИ МАРҶОН БАРОИ ЗИЁФАТИ СОЛИНАВӢ

Декабрь 30, 2009 08:13

                Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» маркази таваҷҷӯҳи сокинони ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорону муҳоҷирони меҳнатии берун аз кишвар мебошад.                 Тавассути расонаҳои хабарӣ ҳаррӯз даҳҳо иттилоот дар бораи рафти кор, қаҳрамонию якдилӣ ва часпу талош барои дар вақти пешбинишуда бастани маҷрои дарёи Вахшу идомаи кор баҳри расидан ба қуллаи умед – бунёди калонтарин нерӯгоҳ дар Тоҷикистон ва баландтарин сарбанд дар олам, нашру пахш мегардад.                   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хонандаи мактабӣ то нафақахӯри оддӣ бунёди ин иншооти бузурги асрро дастгирӣ мекунанд. Бо ин мақсад, сокинони ноҳияи Ванҷи ВМКБ бо сарварии раиси ноҳия Нарзулло Ҷонов барои зиёфати солинавии коргарону мутахассисони инженер – техникии нерӯгоҳ маводи ғизоӣ аз қабили: гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, туту зардолу, чормағзу себу тутпист — (талқони тут) ва 100 мурғи марҷони зинда, ҳамчунин афшӯраи меваро ҷамъулҷамъ ба маблағи беш аз 80 ҳазор сомонӣ ба шаҳри Роғун расониданд.                  — Ин тӯҳфаи аввалу охир нахоҳад буд, сокинони ноҳия азм доранд то охири сохтмони нерӯгоҳ боз 10 маротиба дастурхони коргаронро бо маводи ғизоии хушлаззату идона оро диҳанд, — иброз дошт раиси ноҳия Нарзулло Ҷонов ба мухбири АМИТ «Ховар».   

Декабрь 30, 2009 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд