ҚАБУЛИ ҚОНУНҲОИ НАВ АЗ ҶОНИБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ
03-юми декабри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ », «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ -ҷустуҷўи», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Бояд қайд кард, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни нав ва мукаммал буда, бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир ва стандартҳои байналмилалӣ қабул карда шудааст. Меъёрҳои он барои таъмини риояи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноят, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба амал баровардани адолати судӣ равона шуда, тартиби пешбурди мурофиаи ҷиноятиро дар ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноӣ ва суд дар асоси принсипҳои эҳтироми шаъну шарафи шахс, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, дахлнопазирии манзил, баробарӣ дар назди қонун ва суд, ошкоро будани муҳокимаи судӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо ва дигар принсипҳои башардўстона ба танзим медарорад. Кодекси мазкур аз 1-апрели соли 2010 мавриди амал қарор дода мешавад ва дар баробари мавриди амал қарор гирифтани ин Кодекс, ҳамзамон Кодекси амалкунандаи мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 1961 инҷониб амал мекунад, аз эътибор соқит мегардад. Қонунҳои ба имзорасида пеш аз ҳама ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзу ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, такмили қонунгузории ҷорӣ ва тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ , танзиму таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шуда, барои пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидати бештаре хоҳад кард.