ҚАТЪНОМАИ НАВИ СММ
Ню-Йорк,19 декабр.(АМИТ «Ховар»-ИТАР-ТАСС).-18 декабр дар маҷлиси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тақвияти мубориза ба муқобили барқарор гардидани шаклҳои имрӯзаи нажодпарастӣ қатънома қабул гардид. 127 давлати аъзои СММ ба тарафдории қабули қатънома овоз доданд, танҳо намояндаи ИМА ба муқобили он овоз дод. Дар қатънома гуфта мешавд, ки паҳн гардидани ғояҳои навбаромад дар заминаи бартарияти нажодӣ ва ташвиқу тарғиби хусумату душманӣ, ҳодисаҳои зуроварӣ ё иғвогарӣ ба чунин зуҳуроти номатлуб бояд дар асоси қонун ҳамчун ҷиноят эътироф намуда, гунаҳкорони он ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар қатънома вобаста ба идома ёфтани кӯшишҳои хароб намудани ёдгориҳои барои поси хотири онҳое, ки солҳои Ҷанги дуюми ҷахон ба муқобили фашизм мубориза бурдаанд, изҳори ташвиши ҷиддӣ карда мешавад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






