ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ БОЯД ДАР АВЛАВИЯТ ҚАРОР ГИРАД
Мусоҳибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲамрохон Зарифӣ бо хабаргузории «Форс»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон — Ҷаноби оқои Зарифӣ, Шумо сатҳи мавҷуди ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро чигуна арзёбӣ мекунед? — Қабл аз ҳар чизе бояд дар ибтидои сўҳбат ёдовар шавам, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд, ки дар соли 1991 истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва дар моҳи январи соли 1992 нахустин шуда сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Ин иқдом, аз як тараф, аҳамиятеро нишон медод, ки Эрон барои равобиташ бо Тоҷикистон қоил аст ва аз тарафи дигар идомаи мантиқии анъанаву суннатҳои дўстӣ ва бародарие буд, ки дар масири таърих ду миллати ҳамфарҳангу ҳамзабонро ба ҳам пайванд медод. Равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи баланд қарор дошта, ҳусни эътимод миёни мақомоти олии ду кишвар заминаи таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар арсаҳои мухталиф фароҳам кардааст. Пойгоҳи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Эрон беш аз 80 санади муҳими байнидавлатиро фаро гирифта, имконоти васееро барои таъмини дурнамои равшани ҳамкориҳо омода кардааст. Тавре ишора кардам, ҳусни эътимод аз вижагиҳои муносибатҳои мақомоти олии Тоҷикистон ва Эрон мебошад. Сафарҳои мутақобили руасои ҷумҳури ду кишвар ва дигар мақомоти баландпояи Тоҷикистону Эрон далели баланд ва матлуб будани сатҳи равобит аст. Барои мо ҳамкорӣ бо Эрон дар тамоми арсаҳо боаҳамият аст, вале бо дар назар гирифтани шароити мавҷуд равобити иқтисодӣ аз афзалият ва авлавияти хос бархурдор шудааст. Агар ба таърихи муосири муносибатҳои ду кишвар назар кунем, хоҳем дид, ки баъд аз соли 2002, яъне баъд аз он ки Эрон дар заминаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон фаъол шуд, равобити умумӣ низ вориди марҳалаи сифатан нав гардид. Дар соли 2008 мубодилаи бозаргонии Тоҷикистону Эрон беш аз 200 миллион долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо як соли пеш хеле бештар мебошад, вале боз ҳам он ба ин маъно нест, ки ду кишвар аз имконияту зарфиятҳои мавҷуди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ истифодаи комил ба амал овардаанд. Дар Тоҷикистон барои фаъолияти ширкатҳо ва сармоягузорони хориҷӣ ва аз ҷумла эронӣ тамоми шароиту имкониятҳои лозим фароҳам гардидааст ва ҳузури даҳҳо ширкати давлатӣ ва хусусии Ҷумҳурии Исломӣ дар кишвари мо аз ин воқеият далолат мекунад. Баргузории намоишгоҳҳои тиҷорӣ ва саноатии Эрон дар Тоҷикистон ба анъанаи хубе табдил ёфта, ба афзоиши табодули мол ва ташкили корхонаву ширкатҳои муштараки нави ду кишвар мусоидат менамояд. Тавре ишора шуд, дар ҳамкориҳои ду кишвар иқтисодиёт ва бахусус соҳаи энергетика самти авлавиятдор ва стратегӣ дониста мешавад. Мо аз сармоягузорӣ ва ҳузури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин арса истиқбол мекунем ва умедворем, ки ҳамзамон бо бунёди неругоҳи «Сангтўдаи 2» дўстони эронии мо ба иҷрои дигар лоиҳаҳои соҳаи энергетикии Тоҷикистон низ ҷиддитар таваҷҷўҳ хоҳанд кард. Ҳамчунин ду кишвар дар заминаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқ миёни Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли пояҳои хаттҳои интиқоли барқ, чароғҳои каммасраф ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳӣ, кабелҳои баландшиддат ва трансформаторҳои пуриқтидор ба тавофуқ расида буданд, ки дар сурати иҷрои он ҳамкориҳои мо сифати нав ба худ хоҳад гирифт. Бидуни шак, сафарҳои мутақобили руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон ба кишварҳои якдигар ҳамеша ба рушду тавсеаи равобити дуҷониба таҳарруки тоза бахшида, ба муайян кардани заминаҳо ва самтҳои нави ҳамкорӣ ва баҳрабардорӣ аз имконоту зарфиятҳои истифоданашудаи иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз мо зимни омодагӣ барои баргузории сафари қарибалвуқӯи ҷаноби оқои Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси мўҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон дар олитарин сатҳ, умедворем, ки он ба оғози марҳилаи нав дар муносиботи дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Эрон мубаддал хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки мо алоқаманди таҳия ва тасвиби Барномаи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон барои солҳои 2010-2015 мебошем ва мутмаинем, ки дар чаҳорчўбаи он метавон ба иҷрои тарҳҳои мушаххас дар заминаҳои иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ ва тиҷорӣ даст ёфт. Нақби «Истиқлол», ки аз тарафи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли сохт мебошад, дар пайванди Шимол бо Ҷануби Тоҷикистон аз аҳамияти стратегӣ бархурдор аст. Вале бо вуҷуди гузашти се сол аз замони ифтитоҳи «Истиқлол» тавассути руасои ҷумҳурии ду кишвар корҳои такмилии он ҳанўз ба поён нарасидааст. Умедворем таи сафари раиси ҷумҳури мўҳтарами Эрон ба кишварамон барои ислоҳи вазъ дар ин пружаи барои равобити ду кишвар муҳим дастуроти лозим содир хоҳад шуд. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар арсаҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва омўзишӣ ризоиятбахш мебошанд. Бо истифода аз ин фурсат, танҳо мехоҳам ба як нукта ишора намоям, ки ду кишвар дар заминаи таҳсилоти олӣ аз имконоти хубе бархурдоранд, ки бояд мавриди баҳрабардории муносиб қарор дода шавад. Масалан, то имрўз донишҷўёни тоҷику эронӣ, ки ба кишвари якдигар барои таҳсил мераванд, бештар ба илмҳои гуманитарӣ ё худ инсонӣ таваҷҷўҳ мекунанд ва ба назари мо вақти он расидааст, ки дар мавриди омодасозии мутахассисони тоҷик дар Эрон дар бахшҳои илмҳои дақиқ, бахусус муҳандисӣ, пизишкӣ, технологияи иттилоотӣ ва ғайра низ қадамҳои ҷиддитаре гузошта шавад. Хулоса, мо зимни ибрози ризоият аз сатҳи мавҷуди ҳамкориҳо дурнамои равобити Тоҷикистону Эронро умедворкунанда арзёбӣ менамоем. — Таври маълум Эрон таи солҳои ахир дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳимеро ишғол менамояд. Ин ҷойгоҳ умдатан бар асоси умумият ва муштаракоти таърихиву фарҳангист ё далоили дигаре низ дорад? — Албатта, тамаддун, фарҳанг ва забони муштарак омили бисёр муҳим барои наздикии равобит ва ҳамкориҳои ду кишвар мебошад, вале дар авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор гирифтани Эрон танҳо маҳдуд ба ин омилҳо намебошад. Зеро ду кишвар ба ҷуз умумияти нажодиву таърихӣ аз имконоту фурсатҳо ва ҳамчунин чолишҳо ва таҳдидҳои муштарак бархурдоранд, ки маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароӣ аз он қабил мебошанд. Ноамниҳои Афғонистон пеш аз ҳама кишварҳои наздик ва ҳамсояро таҳти таъсир қарор медиҳад. Пас бо ҳамкорӣ ва иқдомоти муштарак метавон ба муваффақият даст ёфт ва заминаи суботу оромиш ва пешрафтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳам дар сатҳи кишварҳо ва ҳам минтақа таъмин кард. Имрўз Эрон дар радифи бархе аз кишварҳо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон на танҳо дорои авлавият аст, балки Ҷаноби Олӣ Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таи сафари моҳи ноябри соли 2008 ба Эрон эълон доштанд, ки Ҷумҳурии Исломӣ шарики стратегии табиии Тоҷикистон аст. Чунин арзёбӣ аз ҳамкориҳои ду кишвар ба маънои оғози марҳилаи нави равобити Тоҷикистон бо Эрон дар арсаҳои мухталиф мебошад. Бар ин назарем, ки ҳамкориҳои мо дар ростои манофеи миллӣ ва дарозмуддати кишварҳоямон буда, бояд ба густариши онҳо дар сатҳи дуҷониба ва ҳамчунин дар чаҳорчўби созмонҳои байналмилаллӣ ва аз ҷумла Созмони Конфронси исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷўҳи бештар мабзул намоем. Тоҷикистон ҷонибдори ҳузури фаъоли Эрон дар густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ мебошад. Дар мавриди аҳамияти Эрон барои Тоҷикистон ва мавзеи усулии Душанбе барои ҳаллу фасли масоили байналмиллалӣ аз роҳи мусолиматомез зикри ин нукта кофист, ки Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Белгия ва суханронӣ дар ҷамъи намояндагони Кумитаи умури хориҷии Парлумони Аврупо дар посух ба пурсишҳои бешумори онҳо муносибатҳои Тоҷикистону Эронро дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, энергетика ва илму фарҳанг созанда арзёбӣ карда, ҳушдор доданд, ки қазияи марбут ба барномаи ҳастаии Эрон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд аз роҳи гуфтушуниди сиёсӣ пеш рафт. Яъне мавзеи усулии Душанбе чунин аст, ки масъалаи марбут ба Барномаи энержии ҳастаии Эрон бояд дар чаҳорчўби Ожонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ (МАГАТЭ) ва сирфан аз роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл гардад. — Ҳамкориҳои се кишвари форсизабон-Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон аз чӣ аҳамияте бархурдор аст? — Ҳамкориҳои се кишвари ҳамзабон дар ҳама арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз аҳамияти бисёр зиёде бархурдор мебошад. Тоҷикистон ҳамвора аз талошҳое, ки дар арсаи минтақавӣ ва байналмиллалӣ барои таъмини суботу амният дар Афғонистон сурат мегирад, ҳимоят ба амал меорад. Дар сатҳи дуҷониба низ кишвари мо ба таври ҳадди аксар тавону имконоти худро барои беҳбуди шароити сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон сафарбар кардааст. Мо имрўз бо вуҷуди камбуди барқ дар дохили Тоҷикистон бахше аз шимоли Афғонистонро бо неруи барқ таъмин мекунем ва бо бунёди зарфиятҳои нави энергетикӣ дар кишварамон омодаи судури мизони болотари барқ ба ин кишвари дўст ва ҳамсоя мебошем. Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дар дурнамо дар масъалаи содироти барқи Тоҷикистон дар авлавият қарор гирифтаанд ва мо бо ҳамкории кишварҳои минтақа ва созмонҳои марбутаи байналмиллалӣ дар паи иҷрои тарҳҳои мухталиф ва аз ҷумла KASA-1000 мебошем. Албатта дар чаҳорчўби тавофуқоти сеҷониба низ мо иҷрои Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, мубориза бо маводи мухаддир ва терроризмро муҳим арзёбӣ мекунем. Мо бар ин боварем, ки сохтмони роҳи мошингард ва оҳан аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Афғонистон барои се кишвари ҳамзабон муҳим буда, набояд вазъи Афғонистонро монеае барои анҷоми он донист. Зеро аз як тараф, шимоли Афғонистон, ки роҳи мошингарду оҳан бояд аз он масир гузарад, дар қиёс бо дигар манотиқи Афғонистон дорои амнияти бештар мебошад ва аз тарафи дигар бунёди он барои ду кишвар аз ин аҳамияти стратегӣ бархурдор аст, ки Тоҷикистонро бо обҳои озод ва Эронро бо Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин васл мекунад. Ҳамзамон, чун аксари ин масири байналмилалӣ аз қаламрави се кишвари форсизабон мегузарад, метавонад ба боло рафтани ҷойгоҳи фарҳанг ва забони муштараки онҳо дар миёни миллатҳои минтақа мусоидат намояд. Аз ин назар бардоштани қадамҳои амалӣ дар ҷиҳати роҳандозии телевизиони муштараки се кишвари форсизабон низ муҳим хоҳад буд. Бинобар ин бояд мавзўи Афғонистон, таъмини суботу амният ва бозсозии он ҳамеша дар авлавияти ҳамкориҳои се кишвари ҳамзабон қарор дошта бошад. Тоҷикистону Эрон бояд ба он талош кунанд, то Афғонистон ба унвони ҳалқаи васли қаламрави бузурги форсизабонон рисолати таърихии худро битавонад анҷом бидиҳад. Ташаккур!