ҲАМОВОЗӢ АЗ ИҚДОМИ ПРЕЗИДЕНТ АЗ САРОСАРИ ОЛАМ

Декабрь 25, 2009 16:08

                    Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аъзоёни Маркази ҳимояи ҳуқуқҳои тоҷикистониёни вилояти Новосибирски Федератсияи Русия тасмим гирифтаанд, ки зиёда аз1000 дона саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро харидорӣ кунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.                     Тоҷикони муқими Новосибирск ташаббуси Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати бунёди НБО «Роғун» аз ҷониби шаҳрвандони баномуси миллати тоҷик ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, саҳми худро дар бунёди ин иншооти муҳими аср ва тағдирсози миллат мегузоранд.                     Мавриди зикр аст, ки саҳмияҳои НБО «Роғун» аз моҳи январи соли 2010 ба фурӯш бароварда шуда, ҳар як саҳмдор баробари ба кор даромадани ин нерӯгоҳ ва фоидаовар шудани он метавонад саҳмияҳои худро супурда, маблағҳояшонро бо фоидааш пас бигиранд ва ё минбаъд ҳам худ ё фарзандонашон бо тамоми ҳуқуқу масъулият саҳмдори ин нерӯгоҳ боқӣ монда, пайваста аз фоидаи он баҳравар бошанд.

Декабрь 25, 2009 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд