ҲУНАРИ НАМАДРЕЗӮ ДАР БАДАХШОН
Хоруғ, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Ҳунари намадрезӣ дар Бадахшон аз қадимулайём вуҷуд дорад. Имрӯз беҳтарин тӯҳфаи волидайн барои арӯс, ки ба хонаи домод меравад ин намади гулдори дастӣ мебошад. Бо гуфти коршиносон дар гузашта намад дар хонаи мардуми Бадахшон ҷои гилем, палос, кӯрпаву кӯрпачаро мегирифт, аммо ҳайҳот он оҳиста-оҳиста ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Хушбахтона, истиқлолият ин ҳунари волоро низ эҳё намуд. Ҳоло дар деҳот занони кӯҳансол ба духтарон ҳунари намадрезиро меомӯзанд. Имрӯзҳо беш аз 100 нафар устодони касб аллакай байни мардум маҳбубият доранд. Дар деҳоти навоҳии болооби рӯдхонаи Панҷ, ҳатто дастаи ҳунармандони намадрез фаъолият менамоянд. Беҳтарин намадҳои дастӣ имрӯз боз ҷои қимматбаҳотарин қолинро дар хонаҳои помирӣ гирифтаанд, зеро намад ба хона ҳусни хосае мебахшад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






