ҶАЛАСАИ НАХУСТИНИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев ҷаласаи нахустини Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалҳои омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки баргузории онҳо тибқи Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон 28 феврали соли 2010 муайян гардидааст, баррасӣ гардиданд. Дар асоси Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Мизроб Кабиров муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ- вобаста ба масъалаҳои ташкили интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ, ташкили баррасии аризаву шикоятҳо, Вера Наимова Котиби комиссияи- роҳбари дастгоҳи кори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ шуданд. Мутобиқи моддаи 13-и Дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов ба вазифаи мудири Котиботи Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ҳамзамон, вазифаҳо дар байни аъзоёни Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ тақсим карда шуд. Тибқи он А. Сатторов ба назорати иҷроиши талаботҳои қонунгузории интихобот ва расонидани кӯмак ба фаъолияти комиссияҳои интихоботии ноҳияҳои Фирдавсӣ, И. Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино вобаста гардид. М. Азизова ва И. Алиев доир ба масъалаҳои расонидани кӯмак ба Котиби комиссия ва иҷроиши ссупоришҳои фаврӣ масъул гардиданд. Ҷ Маҳмудов ва М. Зоиров ҷиҳати расонидани кӯмак ба ташкили кори комиссияҳои интихоботии ноҳияҳои тобеи марказ. Р. Тағоев ва Б. Лақаев ба расонидани кӯмак ба ташкили кори комисияҳои интихоботии вилояти Хатлон, Н. Зоҳидов ба расонидани кӯмак ба ташкили кори комиссияҳои интихоботии вилояти Суғд муваззаф гардиданд. Расонидани кӯмак ба ҳалли масъалаҳои марбут ба интихобот дар ВМКБ ба ӯҳдаи Ю. Шодмонбеков ва О.Ёрматова вогузор гардид. Ҳамчунин, дар ҷаласа нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тасдиқ карда шуд. Инчунин, аъзои Комиссия масъалаҳои ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳалли ҷойгиршавии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Инчунин, Маркази иттилоотии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ва гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дида баромадани арзу шикоятҳо таъсис дода шуданд.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






