ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ОЗМУНИ «ЗЕБОСАНАМИ ОРИЁНО – 2009»

Декабрь 28, 2009 13:21

                Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 26 декабр дар толори «Маркази Вефа» — и ширкати «Швартскопф профессионал» қувваозмоии хотимавии озмуни ҷумҳуриявии «Зебосанами Ориёно -2009» баргузор гардид.                 Ба ҳайати доварони озмун коргардони кино Носир Саидов, муовини ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Тоҷикистон, мутахассиси рӯҳшинос Фирӯза Носирова, муовини аввали директори АМИТ «Ховар» Зевар Давлатова, мудири иҷроияи ширкати иттилоотии «Азия – плюс» Набӣ Юсуфов ва рассом Далер Меҳтоҷев шомил буданд.               Дар қувваозмоии хотимавӣ 19 нафар иштирокчиёни озмун дар бахшҳои «Шиносоӣ», «Саволу ҷавоб» ва намоиши либоси тӯёна мусобиқа карданд.               Дар натиҷа ду нафар иштирокчии озмун Тӯтинисо Аллаева ва Насима Мастулова 14 холӣ баҳо гирифтанд. Ҳайати доварон пешниҳод кард, ки барои муайян намудани ғолиб даври иловагии озмун гузаронида шавад. Вале бо назардошти дар шартҳои озмун пешбинӣ нашудани чунин тартиб аз тарафи ташилкунандагони озмун қарор дода шуд, ки ғолиби озмун аз рӯи миқдори овози истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ муқаррар карда шавад. Маълум гардид, ки 1004 нафар ба тарафдории Т.Аллаева ва 96 нафар ба тарафдории Н.Мастулова овоз додаанд.                  Дар натиҷа бо қарори ҳайати доварон Тӯтинисо Аллаева ғолиби озмуни «Зебосанами Ориёно – 2009» муқаррар карда шуд. Ҷои дуюмро Насима Мастулова ишғол намуд. Иштирокчии дигари озмун Ганҷина Фозилова ба унвони «Маликаи ҳусни таваҷҷӯҳи тамошобинон» сазовор гардид. Тӯтинисо Аллаева донишҷӯӣ Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия мебошад. Вай соҳиби ҷоизаи асосии озмун — роҳхат ба сафари пойтахти Фаронса — Париж гардид.                   Узви ҳайати доварон Зевар Давлатова зикр намуд, ки дар байни иштирокчиёни озмун духтарони зебо ва арзандаи унвони «Зебосанами Ориёно» зиёд буданд. Вале баъзеи онҳо худро ба ҳозирон муаррифӣ карда ва ба саволҳо ҷавобҳои дурусту мантиқӣ дода натавонистанд. Маликаи ҳусни таваҷҷӯҳи тамошобинон аз рӯи миқдори овозҳои истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ муайян карда шуд.                  Озмуни ҷумҳуриявии «Зебосанами Ориёно – 2009» таҳти сарпарастии ширкати алоқаи телефонии «МЛТ» бо ташаббуси Ҷамъияти саҳҳомии «Пиар» баргузор гардид. Давраҳои аввали озмун аз моҳи октябр гузаронида шуданд.                  Дар даври аввали озмун 20 нафар духтар интихоб карда, ба онҳо барои овоздиҳӣ ба воситаи телефонҳои мобилӣ рақамҳои рамзӣ дода шуданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки соли 2008 дар озмуни «Зебосанами Душанбе» донишҷӯдухтари Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Нигина Назароваи 20 — сола ғолиб омада буд.

Декабрь 28, 2009 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид