7 МИЛЛИАРД СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

Декабрь 15, 2009 10:50

                Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»,Лаззат Диловарзод).-                 Аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ки дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумиии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 110, 8 фоиз иҷро гардида, ба 7 млрд. 602 млн. 106 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ин нишондиҳанда соли 2008 ҳамагӣ 6 млрд. 337 млн. 502 ҳазор сомонӣ буд.                Ҳосили ҷамъоваришудаи зироатҳои ғалладона дар ҷумҳурӣ ба 1 млн. 259 ҳазор тонна расонида шуд, ки 90 фоизи онро гандум ташкил медиҳад.                Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар таърихи кишвар бори аввал чунин ҳосил ба даст оварда шудааст.                — Маълумоти ниҳоии ҳосили ба даст овардаи ғалла дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳанӯз пурра нест,- мегӯяд сардори маркази матбуот ва иттилооти вазорати мазкур Нарзулло Додобоев ва он мумкин аст аз ин ҳам бештар бошад, гуфт ӯ ба мухбири АМИТ «Ховар».

Декабрь 15, 2009 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд