А. ҚАҲҲОРОВ: «КОРМАНДОНИ БДА БОЯД НАЗОРАТИ ҶИДДӢ БАРАНД»

Декабрь 21, 2009 09:53

                   Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). –Вазири корҳои дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров бо нозирони минтақавии раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва нозирони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ як вохӯрии судманд доир намуд.                      Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ Абдураҳим Умариён иттилоъ дод, дар ин вохӯрӣ масоили муҳиме, ки барои пешрафти кор ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи кормандони ин бахш мусоидат мекунад, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.                      Нозирони минтақавӣ ҳамагӣ муваззаф гардиданд, ки бар хотири пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳамкории худро бо аҳолӣ хубтару беҳтар ба роҳ монанд. Дар ҳоле, ки тамоми нозирони минтақавии пойтахт бо телефонҳои мобилии ройгон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ таъмин карда шудаанд, аз онҳо талаб карда шуд, ки бояд корти тамоси худ (визитка) ба ҳар як оилаи минтақаи худ пешниҳод намоянд, то дар ҳолатҳои зарурӣ сокинон тавонанд бо нозирони минтақавӣ тамос гиранд.                       Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин аз нозирони минтақавӣ таъкид намуд, ки дар муносибат бо аҳолӣ хушмуомила бошанд. Инчунин одоби муоширатро риоя намоянд, то намунаи рафтори онҳо барои дигарон ибратбахш бошад.                      Абдураҳим Қаҳҳоров ба хотири зери назорати ҷиддӣ қарор додани минтақаи хизмат, нозирони минтақавиро дастзӯр дод, оиди буду боши шаҳрвандони хориҷӣ ба хотири пешгирӣ намудан аз аҳмолии ҷинояткоронаву террористӣ дар таи ҳамкорӣ устувор бо аҳолӣ назорати ҷиддӣ баранд.                       Ҳамчунин дар арафаи соли нави мелодӣ онҳо бояд аз истифодаи маводҳои тератехникӣ (ба монанди хлопушка) ва дигар намуди он, ки асаби сокинонро хароб месозад, пешгирӣ намоянд.                       Хотиррасон мекунем, ки нозирони минтақавии шаҳри Душанбе ҳамарӯза то соати 23 дар минтақаи хизмати худ фаъолият мебаранд. Дар вобаста ба кори шабонарӯзии ин нозирон дар ҳудуди минтақаи хизматашон ба раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии вазорати корҳои дохилӣ супориш дода шуд, ки нозирони минтақавӣ бо сару либоси намунавии низомӣ ва пойафзол таъмин карда шаванд. Баъди нимаи ҳамин рӯз вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин бо кормандони раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ бахши бозрасии автомобилии шаҳри Душанбе ва воҳиди махсуси вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ доир намуд. Дар ин вохӯрӣ ба масъалаҳои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар ҳудуди пойтахт, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, роҳ надодан ба гузоштани нақлиёт дар ҷойҳои маънкардашуда ва пешгирӣ намудани ҳама намуди қоидавайронкунӣ дар самти ҳаракати нақлиёт, истифодаи ғайриқонунии таҷҳизоти садодиҳандаи махсус, ки марбут ба нақлиёти хизматӣ мебошад, пешгирии гуфтугӯи телефонӣ вақти идораи нақлиёт таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардид.                     Ба хотири иҷро намудани ин вазифаҳои хизматии кормандони бахши бозрасии давлатии автомобилӣ бояд мунтазам назорати ҷиддӣ баранд.                     Вазири корҳои дохилӣ ҳамзамон талаб намуд, ки бояд қисми чапи роҳ ё хати сеюми ҳаракат ба таври доимӣ озод бошад, то барои мунтазами ҳаракати нақлиёти махсус ба монанди ёрии таъҷилӣ, сӯхторнишонӣ, милитсия ва ҳамсоли он монеа эъҷод нагардад.  

Декабрь 21, 2009 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст