АМАЛИЁТИ ДОМАНАДОРИ ҲАРБӢ ДАР АФҒОНИСТОН

Декабрь 5, 2009 11:44

                 Кобул, 5 декабр. (АМИТ «Ховар» — корреспондент.нет). — Қисмҳои ҳарбии ИМА ва иттифоқчиёнаш дар Афғонистон 4 декабр дар қисмати ҷанубии ин мамлакат ба муқобили дастаҳои мусаллаҳи «Толибон» амалиёти доманадор шурӯъ намуданд. Амалиёти ҳарбӣ асосан дар ноҳияҳои шимолии вилояти Ҳилманд гузаронида мешавад. Тавре ки маълум аст пойгоҳҳои асосии дастаҳои мусаллаҳи «Толибон» дар ҳамин ҷо воқеъ мебошанд.                   Дар амалиёт тақрибан 1000 нафар аскарону афсарони амрикоӣ ва 150 хизматчиёни ҳарбии афғон иштирок доранд.                   Президенти ИМА Барак Обама чанд рӯз пеш зимни суханрониаш изҳор намуд, ки қисмиҳои ҳарбии хориҷӣ аз Афғонистон то соли 2011 бароварда хоҳанд шуд. Вале мушовири масъалаҳои амнияти миллии ИМА, генерал Ҷеймс Ҷоунс изҳор намуд, ки аскарону афсарони амрикоӣ аз Афғонистон пурра бароварда намешаванд. Вай қайд намуд, ки қисмҳои ҳарбии хориҷӣ аз Афғонистон тадриҷан ба андозаи омода сохтан ва қобили кор гардондани қувваҳои амниятии Афғонистон ва артиши он бароварда хоҳанд шуд.                    «Толибон» изҳор менамоянд, ки изҳороти Обама дар бораи баровардани қисмҳои ҳарбии хориҷӣ ба ҷуз «доми фиреб» чизи дигаре нест.                   Мухолифони ҳукумати Афғонистон изҳор намуданд, ки минбаъд миқдори амалиёти ҳарбӣ ва террористӣ ба муқобили хизматчиёни ҳарбии хориҷӣ зиёд карда хоҳад шуд.

Декабрь 5, 2009 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд