АМАЛИЁТИ ЯКҶОЯИ КОРМАНДОНИ АМНИЯТӢ ВА АГЕНТӢ

Декабрь 21, 2009 17:27

                  Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муайян намудаанд, ки нозири калони шӯъбаи назорат ва баҳисобгирии муҳоҷирати Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ Бобохонов Умарҷон Алихонович, барои ба ҷавобгарии маъмурӣ накашидан бо сабаби гузаштани муҳлати раводид ва қайди Хадамоти муҳоҷират аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаҳонмирзо Манучеҳр Торкӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ ҳамчун пора маблағи 1800 сомонӣ талаб кардааст.                 Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 26 октябри соли 2009 Бобохонов У.М. ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 1800 сомонӣ аз тарафи кормандони Сарраёсати Агентӣ ва КДАМ ҶТ дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи 1800 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.                  Нисбат ба Бобохонов У.М. аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентӣ бо аломатҳои моддаи 319 қ.2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишоти пешакӣ идома дорад.                   Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Декабрь 21, 2009 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд