АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ БА ИФТИХОРИ СОЛИ ИМОМИ АЪЗАМ

Декабрь 29, 2009 16:54

                  Суғд, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Баъди ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ ҳаёти халқи тоҷик маҷрои тозае ба худ гирифта, андешаи миллӣ бар пояи асолатҳои таърихӣ ва арзишҳои анъанавӣ рушди фарогир ёфт.                   Пайваста ба ин робитаҳои миллати тоҷик бо тамаддуни ҷахонӣ шиносои ва бархурдории вай аз арзишҳои умумибашари афзуданд. Густариши робитаҳо ва ҳодисаҳои ҷахони имрӯза Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир пайванди қавӣ доданд. Дар доираи манфиатҳои миллӣ худшиносии динии халқи тоҷик низ аҳамияти зиёде касб мекунад. Роҳу равиши дурусти он ба гуфтугӯи динҳо, ки ҷузъи асосии ҳама гуна тамаддун аст, ҳидоят мекунад ва мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи чаҳони устувор месозад. Барои ташаккули дурусти худшиносии динии халқи тоҷик истифодаи мероси ғании динӣ зарур аст. Мероси динӣ, аз ҷумла мероси фикхӣ ва каломии Имоми Аъзам, метавонад намунаи равшани гуфтугуи дин ва тамаддунҳоро арзёбӣ кунад.                   Хушбахтона, ба шарофати таҳким ёфтани давлати соҳибихтиёри миллӣ, кӯшишу талошҳои доимии Ҳукумати ҷумхурӣ, махсусан дастгириву пуштибонии мардуми бошарафи Тоҷикистон, дар ҷомеаи кишвар суботу амният таъмин гашт.                    Имоми Аъзам тоҷики шарафмандест, ки равияи ақлонии фикхии Исломиро поягузорӣ ва мактаби худро бунёд намудааст. Дар шароити имрӯза бо мақсади риоя ва татбиқи асли гуфтугӯи динҳо, фархангҳо, тамаддунхо шинохти мероси бебаҳои ин факехи бузург ҳам барои миллати тоҷик ва ҳам барои тамоми халқҳои мусулмон аҳамияти бузургеро молик аст. Фарзанди фарзонаи халки тоҷик Имоми Аъзам яке аз мазҳабхои аввалин гузошта тавонист, ки адолат ва инсонпарвариро ҳар як марди мусулмон муқаррар намояд.

Декабрь 29, 2009 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид