АСОСҲОИ БЕАСОСИ ЗАФАР АБДУЛЛОЕВ

Декабрь 22, 2009 11:06

              (Ҷавоб ба мақолаи котиби генералии Медиа Алянси ТоҷикистонАбдуллоев Зафар)               Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «КАБАДИЯН: разрушенная школа, разворованная ферма, новые заправки», ки дар рӯзномаи «Факты и комментарии № 30-31 аз 18 ноябри соли 2009 ба чоп расида, ба қалами 3. Абдуллоев тааллуқ, дорад, мавриди баррасӣ ва санҷиш қарор дод.                 Дар мақола дарҷ шудааст, ки як қисми бинои кӯҳнаи мактаби №24 ноҳияи Қабодиён вайрон карда, масолеҳи он фурӯхта шуда, ба куҷо сарф гардидани маблағи аз фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ба даст омада, маълум нест.                  Санҷиши аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон гузаронидашуда муайян намуд, ки бинои кӯҳнаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 24 соли 1952 сохта ва ба истифода дода шуда, дар мувозинаи ягон мақомот қарор надорад. Бинобар сабаби корношоям ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани қисми бинои кӯҳнаи мактаб дар асоси хулосаи сармеъмори ноҳия қарори мушовараи шӯъбаи маорифи ноҳия ва қарори ҷамоати деҳоти Янги-йул оид ба вайрон кардани қисми бинои кӯҳнаи мактаб ва истифода намудани маблағи аз фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ба даст омада барои таъмири бинои нави мактаб қабул карда шудааст. Аз ин рӯ баъди вайрон карда шудани бинои кӯҳна масолеҳи сохтмонии коршоями он ба маблағи 16 ҳазору 637 сомонӣ ба ҶДММ "Восеъ"-и ноҳияи Қабодиён фурӯхта, ин маблағ пурра ба хазинаи мактаб ворид ва баъдан 12 ҳазор сомонии он барои таъмири бинои нави мактаб истифода карда шудааст.                  Ҳамчунон муаллиф дар мақола қайд кардааст, ки "Фермаи чорвои калони шохдори ноҳия қисман ба яғмо бурда шуда, касеро аз ин парвое нест. Ҳарчанд нисбати баъзе шахсони ба он алоқаманд соли гузашта парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда бошад ҳам, ин шахсон танҳо баъди рӯи чоп омадани мақолаҳои камина маҳкум карда шуданд".                   Ин навиштаҷот асоси воқеӣ надошта, чунин хулосабарории муаллиф танҳо аз надонистани ҳолати воқеӣ мебошад. Аз ҷониби Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон бошад ҳанӯз моҳи феврали соли 2009 масъалаи хусусигардонии фермаи чорвои калони шохдори хоҷагии деҳқонии «Пахтакор»-и ноҳияи Қабодиён мавриди санҷиш қарор дода шуда, 26 феврал соли равон нисбати собиқ, раиси хоҷагӣ Норматов Ю.Р. ва сармуҳосиби он Шоимов С. И. оид ба аз ҳисоби фурӯши масолеҳи сохтмонии фермаи чорводории хоҷагӣ азони худ кардани маблағи 7 ҳазору 394 сомонӣ бо бандҳои «б, г» қисми 2 моддаи 245 ва банди «б» қисми 2 моддаи 340 КҶ ҶТ ва барои бо роҳи қаллобӣ фурӯхтани 0,10 га қитъаи замини ҳудуди фермаи хоҷагӣ ба маблағи 2 ҳазору 500 доллари ИМА бо банди «а» қисми 3 моддаи 247 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишот парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуда буд. Бо ҳукми суди нохияи Қабодиён Норматов Ю. Р. ва Шоимов С. И. ба мӯҳлати 6 солӣ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.                  Мақолаҳо дар ин хусус бошанд танҳо моҳи ноябри соли 2009 рӯи чоп омадаанд.                   Ҳамчунон ба масъалаи хирманҳо дахл намуда, муаллиф қайд кардааст, ки як қатор хирмаҳоро шахсони мансабдор соҳиб шуда бошанд ҳам, ин масъала дар ноҳия аз мадди назари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, дур мондааст.                   Бояд қайд кард, ки оид ба ин масъала низ муаллиф иштибоҳ, кардааст. Зеро соли 2008-ум дар рафти гузаронидани санҷишҳо аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон якчанд ҳолатҳои аз тарафи раиси хоҷагии деҳқонии "А. Навоӣ"-и ноҳияи Қабодиён Қарахонов X. бо рохи фиреб фурӯхтани хирмани хоҷагӣ ошкор карда шуда, санаи 22 ноябри соли 2008 нисбати ӯ бо бандҳои "а, в, г" қисми 2 моддаи 247 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд.Баъди ба итмом расонидани тафтиш парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуда, бо ҳукми суди ноҳияи Қабодиён аз 6 апроели соли 2009 Қарахонов X. ба мӯҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.                   Нисбати собиқ, раиси хоҷагии деҳқонии «Пахтакор»-и ноҳия Аҳмадов Азамат, ки пеш аз Норматов Ю. фаъолият доштааст, санаи 27 августи соли 2009 аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон бо қисми 4 моддаи 279 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои бурдани тафтиши пешакӣ ба прокуратураи ноҳияи Қабодиён ирсол карда шудааст. Айни ҳол нисбати Аҳмадов А. бинобар сабаби аз тафтишот ғайб заданаш аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Қабодиён кофтуков эълон карда шудааст.Аз ин ру хуб мешуд, агар муаллиф пеш аз рӯи чоп овардани мақола, оид ба воқеияти аслии ҳолатҳои дар мақолааш дарҷнамуда, аз мақомотҳои прокуратура ва Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон маълумот дастрас намуда, дар он ҳақиқати корро дарҷ менамуд.

Декабрь 22, 2009 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид