АЪЗОИ СОЗМОНҲОИ ИФРОТИИ ДИНӢ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА МЕШАВАНД
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — 8 декабр дар Суди олии ҷумҳурӣ мурофиаи 56 нафар шаҳрванди мамлакат оғоз ёфт, ки ба ҳамкорӣ ва узвият ба созмонҳои ифротии динӣ гунаҳкор карда мешаванд. Ҳамаи онҳо мувофиқи қисмҳои 1 ва 2 — и моддаи 307 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Даъвати оммавӣ ба барҳам додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи зӯрӣ» ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Мувофиқи моддаи мазкур, гунаҳкорон ба мӯҳлати аз 15 то 20 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маҳкумшавандагонро кормандони милиса ва хадамоти махсус моҳи апрели соли 2009 дар яке аз масҷидҳои канори шаҳри Душанбе зимни ташвиқу тарғиби динӣ дастгир карда буданд. Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки ҳамаи дастгиршудагон аъзоёни фаъоли созмонҳои ифротии динӣ буда, дар марказҳои динӣ ва мадрасаҳои Индонезия, Покистон ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб таҳсил кардаанд. Онҳо баъди хатми таҳсил ба Тоҷикистон омада, ба ташвиқу тарғиби ғояҳои зиддидавлатӣ машғул гардиданд. Тавре ки маълум аст, соли 2006 дар Тоҷикистон даҳ созмони динӣ, аз ҷумла, Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, «Ҳизби таҳрир», «Салафия», «Байъат» ва «Ҷамоати таблиғ» созмонҳои террористӣ ва ифротии динӣ шуморида, фаъолияти онҳо дар қаламрави мамлакат манъ карда шуда буд. Роҳбари дафтари матбуоти Суди олӣ Ҳазратулло Иброҳимов хабар дод, ки мурофиаи судӣ кушода буда, дар он намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, аъзои оила ва хешу таборони маҳкумшавандагон иштирок карда метавонанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






