БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА Н.НАЗАРБОЕВ
Дирӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадаст: Мӯҳтарам Нурсултон Абишевич, Табрикоти самимии маро ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон қабул намоед. Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои самаранок миёни Тоҷикистону Қазоқистон манфиатдор буда, барои таҳким бахшидан ба ин ҳамкориҳо мусоидат мекунад. Итминон дорам, ки бо талошҳои якҷоя ба имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои зич, ҷавобгӯ ба манфиатҳои Тоҷикистону Қазоқистон такони ҷиддӣ бахшида мешавад. Аз самими қалб, ба Шумо Нурсултон Абишевичи мӯҳтарам, саломатӣ, бахту муваффақият ва ба мардуми дӯсти қазоқ сулҳу амонӣ ва гул-гулшукуфӣ орзу дорам








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






