БАРНОМАИ НАВИ «БАЗМОРО»
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ҳунарпешагони Муассисаи давлатии консертии «Базморо» 23 декабр дар Кохи Ҷомӣ таҳти роҳбарии дирежёр Далер Тиллоев консерти калони идона намоиш медиҳанд. Дар консерти мазкур ҳунарпешагони маъруфи Ӯзбекистон, овозхони дастаи мардумии «Мавригӣ» — и Бухоро Нишон Отамуродов ва овозхони дастаи ҳунарии «Бухороча» Зебунисо Аминова иштирок хоҳанд кард. Консерт ҳамчунин бо иштироки раққосон, овозхонон ва мутрибони маъруфи Тоҷикистон баргузор мегардад. Барномаи консерт асарҳои машҳури мусиқӣ ва муосирро дар бар мегирад. Директори генералии муассисаи ҳунарии «Базморо» Олим Акрамов зикр кард, ки дар консерт ҳайати нави санъаткорон ширкат меварзанд. Вай зикр намуд, ки аъзои гурӯҳи ҳунарӣ ба консерти ҳисоботӣ тайёрӣ мебинад. Дар давоми панҷ соли гузашта вазифаи мо ташкили дастаи мукаммали ҳунарӣ буд ва мо ин вазифаро иҷро намудем. Фасли баҳори соли оянда ният дорем, ки бо ҳунарпешагони гурӯҳи раққосони «Бухоро» консерти муштарак ташкил намоем. Бо ин мақсад бо директори дастаи мазкур Рауф Авезов мувофиқа карда шуд. Бояд гуфт, ки 80 фоизи аъзои дастаи мазкур тоҷикони Бухоро мебошанд ва репертуари онҳо рақсу сурудҳои тоҷикиро дар бар мегирад, гуфт О.Акрамов.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






