БОҒҲО СЕРОДАМ НЕСТАНД – ЧАРО?
Душанбе,18 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барои истироҳати бофароғати сокинони он боғ, гулгашту хиёбонҳои зебо бунёд карда шудааст. Дар баробари ин, шаҳр низ дорои боғу гулгаштҳои худ аст, ки калонтарини онҳо «Боғи Галаба», «Боғи фарҳангу фароғатии устод Рӯдакӣ» ва «Боғи фарҳангу фароғатии С. Айнӣ» мебошанд. Имрӯз ин боғҳо бо номи худ сазовор нестанд ва истироҳаткунанда надоранд. Сокинони атрофи «Боғи Галаба» аз беназоратии боғ истифода карда садҳо дарахтони сояафкани онро бурида тӯмаи оташ кардаанд. «Боғи устод С. Айнӣ» кайҳо таъмирталаб шудааст ва аз арғунчаку каруселҳои ба оҳанпора табдилёфта ва нуқтаҳои савдои кайҳо соҳибкоронашро гум карда, ки андозсупорандагони шаҳранд, маълум мешавад, ки истироҳаткунанда надоранд. Магар мумкин аст, ки дар ин мавзеъҳои сераҳолии шаҳр ҷойҳои нави кориро аз даст дода, соҳибкорони хурду миёнаро, ки такягоҳи буҷаи шаҳранд ба гӯшаи фаромӯшӣ супорем. Акнун саволи матраҳ он аст, ки истироҳати бофароғатро дар ин боғҳо кӣ бояд ташкил кунад, то ки ҳам пул ба даст ояду ҳам ёр наранҷад?








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






