БОЗДОШТИ ЗАМИНФУРӮШ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шаҳрванд «Р» ба Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат менамояд, ки Ҷавлон ном шахс, ки дар ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рўдакӣ кор мекунад, аз ў барои ҷудо намудани 0,8 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рўдакӣ 4500 доллари ИМА талаб кадааст. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, санаи 17.10.2009с. тахминан соати 13-30 дақиқа дар назди дармонгоҳи №3-и шаҳри Душанбе сармуҳосиби ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рудакӣ Сафаров Ҷавлон Ялгашевич, с.т. 1969, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Россия, деҳаи «1-май», ки дар ин вазифа аз соли 2003 кор мекунад, ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 4000 доллари ИМА дасгир карда шуд. Ба ҳамин монанд Ҷ. Сафаров бо мақсади қаллобӣ, бо истифодаи мақоми хизматӣ, бо роҳи фиреб ба боварии як шаҳрванди дигари ҳамин ҷамоат даромада, аз ў низ 2500 доллари амрикоиро барои додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифтааст. Инчунин, ҳангоми кофтукови хонаи истиқоматӣ ва утоқи кории Ҷ. Сафаров якчанд қарорҳои қаллбакии ҷамоати деҳоти «Қуштеппа» оиди ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлгӣ, нақшаҳои замин ва шиносномаҳои шаҳрвандон дарёфт ва гирифта шуд. Дар Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳаракатҳои Сафаров Ҷ.Я. аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 247 қ.3 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида шуда, тафтишот давом дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






