БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОР ҲОИ НАВ
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти расмии маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, то 1 – уми декабри соли 2009 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 5379 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки ин нисбат ба «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 — 2010» 3,6 баробар зиёд аст. Аз масоҳати умумии боғҳо: — 1938 га мевагиҳои тухмдор, 2919 га меваҳои донакдор, 377 га мағздор ва 176 га меваҳои субтропикӣ ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии боғҳои нав 1583 га дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудааст. Дар муддати 11 моҳи соли равон 1147 га токзорҳои нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба барномаи зикргардида 2,3 баробар зиёд аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






